Тоҷикистон ният дорад, ки содироти сементро ба 2 миллион тонна расонад
ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2024 содироти сементро ба 2 миллион тонна расонад. Тавре дар пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 зикр гардид, афзоиши солонаи содироти семент 200 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст. То он вақт ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмонӣ ба 7 миллион тонна расонида мешавад, хабар медиҳад хабаргузории «Авеста».
Дар сохтори саноати ҷумҳурӣ гуфта мешавад, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли семент сол аз сол меафзояд. Аммо дар баробари афзоиши истеҳсолот талаботи дохилӣ ба ин масолеҳи бинокорӣ меафзояд. Тамоми талаботи дохилӣ ба семент, ба истиснои сементи ранга (талабот ба миқдори кам) аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ қонеъ карда мешавад.
Феълан дар Тоҷикистон 16 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки иқтидори солонаи онҳо дар маҷмӯъ 5,6 миллион тонна маҳсулот арзёбӣ мешавад. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол карда шуд.
Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 миллион тонна семент аз ҳаҷми умумии истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя содирот мешавад.
ДАР АКС: 23 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент»-ро ифтитоҳ намуданд. АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






