«ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН…». Имрӯз ба зодрӯзи муаллифи оҳанги Суруди миллии Тоҷикистон Сулаймон Юдаков расо 106 сол пур мешавад

Апрель 14, 2022 12:29

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи муаллифи оҳанги Суруди миллии Тоҷикистон Сулаймон Юдаков 106 сол пур мешавад. Ӯ ҳанӯз соли 1946 барои Суруди давлатии ҶШС Тоҷикистон оҳанге эҷод карда буд, ки муаллифи матни он Абулқосим Лаҳутӣ буд. Кишвари мо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мақоми давлати соҳибистиқлолро касб намудан низ аз ин мусиқӣ даст накашид.

Сулаймон Юдаков 14 апрели соли 1916 дар Қӯқанд, дар оилаи яҳудиёни бухороӣ ба дунё омадааст. Ҳеле барвақт бе падар монда, аз 12-солагӣ дар ятимхона тарбия ёфт. Дар ин ҷо аввалин дарсҳои мунтазами мусиқии  ӯ шурӯъ шуданд: таълими нотаҳои мусиқӣ, навохтани балалайка, мандолин, гитор, асбоби нафасӣ. Ба гуфтаи худи Юдаков, ин дарсҳо дар васеъ намудани ҷаҳонбинии мусиқавии ӯ ва тарбияи шунавоии мутаносиби ӯ нақши калон бозиданд.

Истеъдоди мусиқии писарбача аз мадди назари устодонаш дур намонд. Соли 1932 Юдаков барои таълими касбии минбаъдаи мусиқӣ ба Москва роҳхат гирифт. Ӯ ба факултаи коргарии мусиқии Консерваторияи давлатии Москва дохил шуда, дар он ҷо навохтани найро меомӯзад. Аввалин таҷрибаҳои эчоди мусиқӣ диққати ҳамсинфон ва муаллимонро ба худ ҷалб намуда буданд.

Солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, аз соли 1943 то соли 1946 Сулаймон Юдаков дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекард, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Дар тӯли ин солҳо ба ғайр аз кор бо одамон, инчунин фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ низ дошт.

Суруди миллӣ- яке аз муқаддасоти давлатии мост. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати эҷоди рамзҳои нави давлатдорӣ ба миён омад. Барои муаллифон озмун эълон гардид. Нахуст соли 1992 Парчами давлатӣ ва соли 1993 Нишони давлатӣ қабул карда шуданд. Танҳо 7 сентябри соли 1994, пас аз се соли ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Суруди миллӣ тасдиқ шуд. Муаллифи каломи Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатӣ ба номи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ замони дар ҳаёт буданаш, соли 2019 ба АМИТ «Ховар» чунин гуфта буд:

 «Озмуни пӯшида эълон шуда буд ва касе намедонист, ки кӣ ва чиро пешниҳод кардааст. Дар тӯли ин солҳо олимон, шоирон, оҳангсозон барои эҷоди гимн кор мекарданд, аммо то ҳол намунаи мувофиқи мусиқӣ ва калима вуҷуд надошт. Намунаи аз ҳама мувофиқ интихоб шуд- мусиқии Суруди давлатии ҶШС Тоҷикистон бар оҳанги Сулаймон Юдаков гузошта ва ба он матн навишта шавад. Бояд зикр  намоям, ки баъди оҳанги Суруди ИҶШС оҳанги суруди ҶШС Тоҷикистон аз ҷиҳати шуҳрат ва зебоӣ дар ҷои дуюм қарор дошт ва ин ба ҳама маълум буд. Танҳо он замоне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лифофаро кушоданд, маълум шуд, ки ман баҳои баландтаринро гирифтаам ва матни ман беҳтарин будааст». (Ниг. «Дар Душанбе 25-солагии Суруди миллии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад»; АМИТ «Ховар», 08.10.2019).

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!..

Мусиқии С. Юдаков бисёр самимӣ буда, ҳамеша аз дил мебарояд. Қувваю ҷовидонагии он низ маҳз дар ҳамин маҳфуз аст. Он қалби одамони дорои миллату фарҳанги гуногунро тасхир мекунад.

АКС: Public domain/АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2022 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург сухан гуфтанд
АМИТ «Ховар» бо Агентии давлатии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид
Агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Панҷакент Боғи Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон барои ҳунармандони истеҳсолкунандаи армуғон озмун эълон гардид
Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» санҷиши видеоии ҳунарпешаҳоро барои ин филм оғоз намуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад