Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Русия дар 4 моҳ 476,5 миллион долларро ташкил дод

Май 25, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия 476,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 49 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Вохӯрӣ бо иштироки сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ  ва ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абубакаров баргузор гардид.

Д. Шарифӣ гуфт, ки Федератсияи Русия шарики асосии тиҷоратию иқтисодӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи бо истифода аз долонҳои сабз таъмин намудани меваю сабзавот, инчунин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани марказҳои тақсимоти яклухтро муҳокима намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баёншуда иброз доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Май 25, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид