Ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд дар Корея иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар Форуми сатҳи баланд, ки бо иштироки роҳбарони маъмурияти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба сиёсати содагардонии расмиёти савдо дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар форум намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи маъмурияти гумрук аз кишварҳои Гурҷистон, Муғулистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, инчунин Бонки Осиёии Рушд ширкат намуданд.
Дар ҷараёни форум самтҳои афзалиятноки пешбурди фаъолияти гумрукӣ ва ба талаботу мушкилиҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будани мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, ки аз уҳдадориҳои давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук, Созишномаи содагардонии савдои Созмони ҷаҳонии савдо бармеояд, баррасӣ гардиданд.
Инчунин таҷрибаи пешқадами Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар самти роҳандозии гумруки рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки миёни кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон мавқеи намоён ишғол менамояд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Форуми сатҳи баланд бо иштироки роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ 24 май оғоз ёфта, то 27 май идома меёбад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






