Ҳамкории Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бахши Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ густариш меёбад

Май 28, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ба Изҳороти муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд  ҷиҳати тақвияти Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд, ки дар он афзалият ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи КАТС дар Тоҷикистон баён шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

26 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо  роҳбари Дафтари Бюрои минтақавии ТУТ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Мелита Якаб мулоқот анҷом дод, ки дар он  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбари Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардорон ва мудирони шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон модели кумаки аввалияи тиббиро дар асоси равиши тибби оилавӣ қабул ва давоми даҳ соли охир барои рушд ва таҳкими ин  соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар айни замон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи рушди КАТС дар заминаи тибби оилавӣ барои солҳои 2021-2025 амалӣ шуда истодааст, ки дар он масъалаҳои ҷорӣ ва афзалиятноки рушди соҳа инъикос ёфтаанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан дар бахши КАТС ҳавасмандии хешро иброз намуда, изҳорот ба имзо расониданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Май 28, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд