Аскар Ҳаким: «Вазъияти ноороме, ки дар вилояти Бадахшон ҳукмфармост, ҳеҷ яки мо, шаҳрвандони кишварро ором намегузорад»

Май 23, 2022 17:19

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин  рӯзҳо вазъияти ноороме, ки дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ҳукмфармост, ҳеҷ яки мо, шаҳрвандони кишварро ором намегузорад. Чунин ибрози назар намуд Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илми филология, сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар».

 Дар идома ӯ гуфт:

— Дар ин  рӯзҳо вазъияти ноороме, ки дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ҳукмфармост, ҳеҷ яки мо, шаҳрвандони кишварро ором намегузорад, зеро мо ҳама ҳамеша ҷонибдори ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ягонагии сарзамин, манфиатҳои миллӣ, сохтору низоми мавҷудаи сиёсиву иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва монанди ин арзишҳое ҳастем, ки дар натиҷаи мубориза ва заҳматҳои сангине ба даст оварда, ҳоло соҳиби давлати соҳибстиқлол, ягона, ҳуқуқбунёд ва озоду демократӣ шудаем.

Дар давлати демократӣ меъёри ҳамаи арзишҳо аввалан инсон аст, бинобар ин ҳар амале, ки аз ҷониби давлат иҷро мешавад, барои амният, рушди зиндагӣ ва хушбахтии халқ хидмат мекунад. Аз ин рӯ, воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Хоруғу Рӯшони Бадахшон рух медиҳанд ва аксуламали давлат ба онҳо танҳо ҳамчун таъмини оромӣ, амният ва аз фишору таҳдид озод кардани мардум маънидод карда мешаванд, ки дар асл бе ҳеҷ шакку шубҳа ҳамин тавр ҳам ҳастанд, зеро дар ҳамаи даврони мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли тоҷик мардуми Бадахшон аз қисмати фаъоли бунёдкорон ва мустаҳкамкунандагони пояҳои ҳамин давлат буданду ҳастанд ва ҳамчунин муносибати Давлати Тоҷикистон ҳам ба онҳо ҳамеша ҳамин гуна буду ҳамин гуна мемонад. Он гурӯҳи хурде, ки танҳо барои манфиатҳои шахсиву ғаразнок ва барои мардуми Бадахшон хатарноки худ мехоҳанд дар байни мардум ва давлат рахна ворид кунанд, ҳаргиз манфиати мардуми маҳал ва давлати тоҷикро дар назар надоранд. Ҳар касе чашми бино дораду адлу инсоф мебинад ва мефаҳмад, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати нави тоҷик барои пешрафти зиндагии мардуми Бадахшон ва ободии он чӣ қадар кор кард, барои онро дидан танҳо чашмро кушодану ба он сӯи дарё нигаристан кофист, ки фарқи аз замин то осмон дида шавад. Пас, оё намесазад, ки шукри ин дастовардҳо кунему барои таҳкиму тақвияти онҳо бикӯшем, ки дар воқеъ ҳам мардуми хирадманд, одил ва баинсофи Бадахшон дар ҳамин мавқеъ ҳастанд, аммо гурӯҳи хурде бо таҳдиду фишори ҳамешагӣ онҳоро намегузоранд, ки аз ҳамин роҳи интихобкардаашон пеш бираванд, аммо то кай?! То кай давлат ба амалҳои зиддидавлатӣ ва нофармониву харобкории онҳо муросо мекунад, то кай мемонад, ки ин гурӯҳҳо ба мардум фишор оварда, онҳоро дар ҳаросу таҳдид қарор диҳанд. Давлат барои он аст, ки аз табааи худ ҳимоят кунад, барои онҳо муҳити зиндагии амн, осоишта ва аз ҷиҳати моддӣ таъминро фаро оварад ва албатта, мардум ҳам дар навбати худ дар фаъолияташон марому мақсади давлатмеҳвариро бояд пеша кунанд, яъне дар ҳама ҳолат манфиати давлатро, ки манфиати онҳоро низ дар назар дорад, дар ҷойи аввал бигузоранд. Дар ин роҳ аз маҳалпарастӣ, хешу таборчигӣ, қавмгароӣ бояд гузашт, зеро манфиати ҳақиқӣ ва асили онҳо ҳам дар ниҳояти кор ба манфиати давлат бармехӯрад ва агар онҳо бар зидди манфиати давлат ҳастанд, дар охир яқинан бар зарари онҳо анҷом хоҳад ёфт, зеро амали онҳо муваққативу бадоқибат аст.

Мардуми Бадахшон аз ҷиҳати сиёсиву маънавиву ахлоқӣ бедортарину ҳушмандтарин мардуми кишвар ҳастанд, онҳо хуб дарк мекунанд, ки ҳар яки мо назари давлатмеҳвар бояд дошта бошем, зеро давлат асли ҳастии моро таъмин менамояд ва хатаре ба амнияти давлат ворид кардан теша бар решаи ҳастӣ ва амнияти худамон задан аст, ки ҳаргиз кори хирадмандонае нест. Ба ҳамаи мо ва ҳамчунин ба мардуми Бадахшон лаҳзае таърихи на чандон дур, ҳатто ҳамон асри ХIХ-ро ба ёд овардан кофист, ки давлати ягона надоштему пора-пора будем ва чӣ фоҷеаҳои гӯшношунидро аз сар гузаронидем, ҳамаи ин чизҳо дар таърихҳо сабт шудаанд, онҳоро набояд фаромӯш кард, то ба қадри давлати ягона ва мутамарказу соҳибистиқлоли имрӯзаамон бирасем. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ҳамон мардум ва миллате муваффақонаву хушбахтона зистаанд, ки давлати ягона сохтаву дар атрофи он муттаҳид будаанд, зеро бе мавҷудияти давлати устувору поянда хушбахтии мардум муяссар намешавад ва аз ин рӯ, мо итминони комил дорем, ки мардуми Бадахшон бо дарки масъулияти хушбахтии ҳамагонии мардум ҳаргиз ба ташвиқу тарғиби гурӯҳҳои хурди манфиатҷӯи ифротӣ дода нахоҳанд шуд ва ҳамчун соҳибватани масъули амнияту ободии Тоҷикистони азиз амал хоҳанд кард.

***

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 17-18 майи соли 2022  аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшон дар ҳайати 200 нафар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулмаро дар 3 нуқта баста, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро маҳдуд карданд. Онҳо таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеа шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардиданд.

Гурӯҳи дуюм таҳти роҳбарии саркардагони гурӯҳи муташаккили ҷиноятию террористӣ Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.

Аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз мавқеъҳои ҷангӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳадафи ҳамла қарор дода, вазифадор шуда буданд, ки бо истифода аз Гранатамёти РПГ 7В, Пулемёти Калашников, Автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хизматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд.

Рӯзи 18 майи соли ҷорӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҶТ ҳамлаи мусаллаҳона намуданд, ки бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Тафтишоти пешакӣ ва далелҳои расмии дастрасгардида собит менамоянд, ки гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани амали террористӣ қаблан омодагии пурраи ҷангӣ гирифта, аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва бо силоҳу аслиҳа таъмин шудаанд.

Аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиву террористии ноҳияи Рӯшон муддати 6 моҳи охир дар ҳудуди ноҳия ба қонуншиканӣ, халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба тарсу таҳлука андохтани сокинони осоишта даст доштанд. Аз ҷониби онҳо постҳои ғайриқонунӣ ташкил шуда, воситаҳои нақлиёти давлатию хусусӣ ва мусофирони онҳо мавриди таҳқир қарор мегирифтанд.

Новобаста аз таъкидҳо ва муроҷиатҳои расмии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои қатъ намудани ҳама гуна қонуншиканиҳо рӯзи 16-17 майи соли ҷорӣ онҳо раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоро таҳқиру дашном дода, муовинони ӯ Гулмад Дӯстализода, Лайло Чоршанбезода ва сардори агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Маҳмаднабӣ Маҳмаднабиевро мавриди лату куби шадид қарор доданд.

Бо мақсади пешгирии пурраи кирдорҳои мудҳишонаи террористон, таъмини амнияти шаҳрвандон, суботу оромӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, барқарор кардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе-Хоруғ-Кулма» 18 майи соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.

Дар натиҷа 8 силоҳбадаст нобуд, 11 нафар захмӣ, 114 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ дастгир ва 8 нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Аз онҳо 24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 адад коктейли Молотов, 3 кг тратил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардид.

Зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ аз миёни сокинони осоишта ягон нафар осеби ҷисмонӣ, ҷонӣ ва молӣ надидааст.

Айни замон вазъият дар ноҳияи Рӯшон ба эътидол омада, идораю муассисаҳо, сохторҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолияти муқаррарии худро оғоз карданд. Сокинон ба фаъолияти рӯзмарраи худ машғул мебошанд.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби бригадаи тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, ки аз натиҷаи он иловатан иттилоъ дода мешавад.

Аз тамоми дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ қотеъона талаб карда мешавад, ки талаботи қонунҳои амалкунандаро бечунучаро риоя кунанд. Силоҳи ғайриқонуниро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд. Ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор доранд, ҳоло ҳам имкон доранд, ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

АКС аз сомонаи расмии Аскар Ҳаким

Май 23, 2022 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид