Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бохтар Дави миллӣ доир мегардад

Май 13, 2022 08:26

ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон 15 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Дави миллӣ ва веломарафон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар мусобиқаҳои мазкур роҳбарону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, роҳбарони корхонаю ташкилоти вилоятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён, хонандагон ва варзишгарон иштирок мекунанд.

Мақсади асосии баргузории мусобиқоти варзишӣ- тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию бародарӣ миёни наврасону ҷавонон ва ба ин васила изҳори эътирози ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Дар ҷамъбасти веломарафон ва дав ғолибон бо дипломҳо мукофотонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар саросари Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 13, 2022 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд