Барои ҳайати шахсии дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» давраи бозомӯзӣ ташкил шуд

Май 1, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 01.05.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар Гумруки «Мастчоҳ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд барои аъзои гурӯҳи назорати бандарӣ, ки дар чаҳорчӯби Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Ҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд амал менамоянд ва ҳайати шахсии дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» давраи бозомӯзӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Мутахассисон ҳангоми гузаронидани машқҳои амалӣ дар баробари тафтиши ҳуҷҷату маълумот, шакл ва тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, инчунин бо ҷойҳои махсуси мошинҳои боркаш ва контейнерҳо, ки дар онҳо эҳтимоли пинҳон намудани воситаҳои нашъадор ҷой доранд, шинос шуда, тартиб ва тарзу усулҳои ошкор кардани маводи манъшударо омӯхтанд.

Инчунин ҷиҳати ташкили мубодилаи маълумот байни кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» бо аъзои гурӯҳҳои назорати бандарии мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони Ҷаҳонии Гумрук оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо мутахассисони давраи бозомӯзӣ бо Шабакаи байниминтақавии хадамоти гумрук ва гурӯҳҳои назорати бандарӣ (UNODC) шинос гардида, барои дастрасӣ ва ворид шудан ба низоми   автоматии Созмони Ҷаҳонии Гумрук «Container Comm» иҷозат гирифтанд.

Давраи бозомӯзӣ  дар доираи ҳамоиши омӯзишӣ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC) бо ибтикори Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он намояндагони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Барномаи назорати содирот ва амнияти сарҳадоти Сафорати Амрико дар Душанбе, ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи ҷаҳонии Дафтари СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ  ва Созмони Ҷаҳонии Гумрук иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш мутахассисони СҶГ атрофи мавзӯъҳои «Спетсификатсияи контейнерҳои E-BIC,  «Тарзҳои назорати контейнерҳо», «Истифодаи  Container Comm ҳамчун манбаи маълумот», «Профили таваккал ва муайян намудани контейнерҳои хавфи баланддошта», «Назорати гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ», «Тафтиши воситаҳои ҳаммонандсозӣ, тамғаҳо (маркаҳо)-и махсус ва дигар усулҳои ишорагузории молҳо» табодули назар намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст