«BUKHARA FASHION DAYS». Дар ин намоишгоҳ тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов ҳунари хешро ба тамошо гузоштааст

Май 23, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи “Bukhara fashion days” баргузор шуд, ки дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов низ ҳунари дастии хешро ба тамошо гузоштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи кории Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2022 аз ҷониби Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ЮНЕСКО дар шаҳри Тошканд 21 май дар шаҳри Бухоро Фестивали байналмилалии ҳунари гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ (кашидадӯзӣ) оғоз ёфт.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзодаро дар Тошканд муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон Озода Парпибоева ва вакили Сенати Узбекистон пешвоз гирифтанд.

Дар бинои мадрасаи Кӯкалтош тарроҳон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия корҳои намоёни дастии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Махсусан тарроҳони мӯд, ба мисли Маҳфуза Салимова, Ирина Шарифова (Узбекистон), Айдархон Калиев (Қазоқистон), Саидҷалол Махсумов (Тоҷикистон), Мирраҳим Опош (Қирғизистон), Асуман Исчинор (Туркия) ва дигар устодони ҳунар коллексияҳои рангоранги ҳунарии худро дар ин фестивал намоиш доданд.


Дар фестивал зиёда аз 200 нафар занони ҳунарманд, олимон ва донандагони соҳаи санъати миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳунармандон аз 58 давлати дунё иштирок доранд. Миёни онҳо 110 нафар заргарон, 37 нафар устоҳои зардӯз, 44 нафар гулдӯзон ва 97 нафар устоҳои соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ ҳастанд.

Мақсад аз баргузории фестивал- муаррифии васеътари ҳунарҳои миллии мардумӣ, тарғиби шакли нотакрори он, роҳандозии табодули таҷриба дар ин самт миёни устодони ин ҳунар ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро то 25 май идома меёбад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд