Дар Бадахшон бо хатмкардагони курси омӯзишии дуалии «Зан — сарвар» мулоқот доир шуд

Май 11, 2022 15:22

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкардагони курси омӯзишии дуалии «Зан — сарвар» ва зинаи магистратураи хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ вохӯрӣ баргузор гардид, хабар доданд аз Академияи мазкур ба АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сомон Исматзода, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону кормандони Академия ва дастгоҳи раиси ВМКБ иштирок намуданд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, пайваста дархосту пишниҳодҳои ин қишри ояндасози ҷомеаро дастгирӣ менамоянд. Ҳадафи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳою мутахассисони ватандӯсту донишманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ мебошад. Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва минтақаҳои мухталифи олам ба вуқӯъ меояд, баҳои воқеӣ дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем. Ташкили курсҳои омӯзишии дуалӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки баҳри татбиқи сиёсати ҷавонпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад».

Алишер Мирзонабот зикр кард, ки «сиёсати давлатии ҷавонон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қатори дигар манотиқи кишвар дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар чандин иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба истифода дода шуданд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани вилоят барои қишри ҷавон имконият фароҳам овард, ки бобати рушду ривоҷи соҳаҳои гуногуни вилоят камари ҳиммат банданд. Нисфи зиёди соҳибкорону кормандони муваффақи вилоятро имрӯз ҷавонон ташкил дода, дар соҳаи хизмати давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ дар аксарияти вазифаҳо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд».

Дар ҳамоиш зиёда аз 90 нафар хатмкардагони курси омӯзишии дуалӣ аз рӯи барномаи «Зан – сарвар» ва зинаи магистратураи Академия аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он иштирок доштанд.

Зикр шуд, ки ҷавонони вилоят сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк карда, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, омодаанд, ки бо тамоми неру аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, арзишҳои волои миллӣ, номусу шараф ва хоки муқаддаси Ватан дифоъ намоянд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Май 11, 2022 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид