ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6-9 июни соли 2022 пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе мизбони ҳамоиши муҳими байналмилалӣ — Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об буда, дар он паҳлӯҳои гуногуни масоили обу иқлим баррасӣ мешаванд. Конфронси дуюми Душанбе таваҷҷуҳи иштирокчиёнро, пеш аз ҳама, ба чигунагии шарикии ҳукуматҳо, СММ ва ниҳодҳои он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд дар раванди саҳмгузорӣ дар ҳама сатҳҳо дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об ҷалб хоҳад кард.
Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Конфронси навбатии Душанбе марбут ба об ба баррасии ҳамбастагии захираҳои обу тағйирёбии иқлим бо дарназардошти рушди манбаъҳои об ҳамчун омили калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ ҳамчунин барои муҳокимаи дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи об имкон фароҳам меорад.
Барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, ниҳодҳои СММ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват шудаанд.
Тафсилоти бештар вобаста ба омодагӣ ба Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об имрӯз, соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и радиои “Ховар” бо иштироки сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»