ДАР БОРАИ ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Май 18, 2022 08:29

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи  муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро  берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.

Кирдори мазкур бадқасдона ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарбӣ итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.

Дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой дорад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.

АКС аз бойгонӣ

Май 18, 2022 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳифзи сулҳи пойдор вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад»
Дар Суғд ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ 100 фоиз иҷро гардид
Ба сокинони шаҳри Роғун риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи самараноки неруи барқ фаҳмонида мешавад
Судяҳои Суди Олии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Оид ба татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе оид ба истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва бехатарии радиатсионӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон нақша доранд ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ густариш диҳанд
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Душанбе масъалаи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид