Дар Суғд ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар вилояти Суғд ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаи пешгирии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷаласа инчунин вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баррасӣ гардид.
Барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қонунҳо, истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, таълиму тарбияи насли наврас, бунёди иншооти соҳаи маориф ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасоз ба масъулин тавсияҳо дода шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад






