Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мусобиқаи шашка ва шоҳмот доир гардид

Май 31, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «ХОВАР»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки пагоҳ, 1 июн таҷлил мешавад, миёни ҷавонону наврасон ва фарзандони кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таҳти шиори «Шашка ва шоҳмот- тақвиятдиҳандаи зеҳн» мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд. 

Дар мусобиқаи мазкур шумораи зиёди наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ширкат ва миёни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд.

Баргузории чунин мусобиқаҳо бо мақсади инкишофи ҷисмониву зеҳнии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида, махсусан машғул шудан ба бозии шоҳмот метавонад дар инкишофу тақвияти зеҳни наврасон кумак расонад.

Масъулини мақомоти милитсияи пойтахт зимни баргузории мусобиқа иттилоъ доданд, ки минбаъд низ миёни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешаванд.

Дар охир ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравию маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷавонону наврасон қишри ояндасози давлату миллат ба шумор рафта, ба илму дониш, тарзи ҳаёти солим ва варзиш фаро гирифтани онҳо дар мадди назари давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ин аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста миёни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешаванд.

АКС: РВКД дар ш. Душанбе

Май 31, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад