Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ доир гардид

Май 23, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли тиҷорат, масъулини воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, мутахассисони Барномаи ҳамкории идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 10) иштирок намуданд, иттилоъ доданд дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таърихи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумрук, шаклҳои умумии ҳамкории мақомоти гумрук ва ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ дар мисоли Латвия ва дигар кишварҳо, тартиби пешбурди Реестри гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки зимни  фаъолияти пурсамар тайи солҳои охир Хадамоти гумрук ба онҳо ноил гардидааст, маълумот дод.

Зикр шуд, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳадафаш ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ мусоидат намудан дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии кишвар бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароити муносиб барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумрук ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат шомил мебошанд. Дар ҷаласа инчунин директори генералии Хадамоти даромадҳои давлатии Латвия Раймондс Зукулс ва сардори шуъбаи методикаи барасмиятдарории гумрукии Раёсати гумруки Хадамоти даромадҳои давлатии Латвия Ирена Кнока бо истифода аз рӯнамо доир ба таҳлили қонунгузории Латвия, тартиби таъсиси Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ, принсипҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тартиби аъзо шудан ва баромадан аз Шӯро ва дигар масъалаҳои муҳими Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Латвия сухан намуданд. Инчунин доир ба «Тартиби пешбурди Реестри гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ» сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Замира Маҳкамова сухан гуфт.

Дар анҷоми ҷаласа Азим Турсунзода зикр намуд, ки ҳамкорӣ  минбаъд низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат, махсусан Барномаи ҳамкории идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА)  хубтар ба роҳ монда, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар фаъолияти минбаъдаи Шӯро истифода бурда шавад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид