Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

Май 24, 2022 08:42

ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 май Директори Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Юсуф Қурбонов вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкории судманди дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар ва  пешгирии нашъамандӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои солҳои 2022-2025 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Аз соли 1993 бо оғози фаъолияти Намояндагии минтақавии UNODC бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ шурӯъ шуд.

Созмони мазкур дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории байналмилалӣ дар ҷаҳон пешсаф буда, дар тамоми манотиқи олам тавассути шабакаҳои васеи дафтарҳои саҳроӣ фаъолият ба роҳ мондааст.

UNODC дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаву тарҳҳои худро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи онҳо ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи одамон, табобати нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд.

Созмони мазкур дар Тоҷикистон якчанд барномаву лоиҳаҳоро, аз қабили лоиҳаи “Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”, лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи II”, Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019, 2022-2025), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.

Намояндагони кишвар дар ҳама чорабиниҳои ин созмон, аз ҷумла вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, машварату тренинг ва амалиёт пайваста фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз чорабиниҳое, ки ҳамасола Вазорати корҳои хориҷӣ муштаракан бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC баргузор менамояд, муаррифии Шарҳи вазъи маводи мухаддир тайи ҳар соли сипаришуда мебошад.

АКС: Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Май 24, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад