Дар Душанбе даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон – вохӯрии мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амният оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба амнияти миллӣ Аджиту Довал, Котиби Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон Алӣ Шамхонӣ, ёрдамчии Президент – Котиби Шӯрои амнияти Қазоқистон Асет Исекешев, Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои амният Чен Гопин, Раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов, Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ва Котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Виктор Маҳмудов иштирок доранд.
Интизор меравад, ки масъалаҳои вазъ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд баррасӣ гарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дирӯз дар Душанбе Насрулло Маҳмудзода бо котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев мулоқоти корӣ анҷом дод. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амният табодули афкор карда, ҷараёни рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро зикр намуданд ва ҳавасмандии худро ба таъмиқи муносибатҳои иттифоқӣ иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки даври 3-юми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон 10 ноябри соли 2021 дар Деҳлии Нав — пойтахти Ҳиндустон баргузор гардида буд. Дар он мушовирон оид ба амнияти миллӣ/котибони Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доштанд. Тоҷикистонро котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»



















Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






