Дар Душанбе масоили коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид

Май 17, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 17.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе масъалаҳои арзёбии пешакӣ ва таҳияи стратегияи муқовимат ба офатҳои табиӣ баррасӣ гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон оид ба баланд бардоштани устувории маҳаллӣ ва ғайра ширкат варзиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе Сулаймон Шамсизода иброз дошт, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кишвар дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Соли 2019 Тоҷикистон як санади нави стратегӣ таҳия ва қабул кард, ки дар он таҳким ва уҳдадориҳо ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар тӯли 10 соли оянда пешбинӣ шудаанд.

Коршинос оид ба устувории маҳаллӣ Олга Шашкина гуфт, ки тайи 20 соли охир аз офатҳои табиӣ  4,4 миллиард нафар зарар дида, хисорот 2 триллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва 1 миллиону 300 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

«Хатар барои шаҳрҳо мунтазам меафзояд. Тибқи ҳисобҳо, беш аз 50% аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Шаҳришавӣ бо суръати бесобиқа афзоиш меёбад. Мутаассифона, дар вақти ба нақша гирифтани рушду ободонии шаҳрҳо ба оқибатҳои чунин ҳодисаҳои хавфнок, ба монанди зилзила, хавфи гидрометеорологӣ ва ғайра кам диққат дода мешавад», — афзуд Олга Шашкина.

Баланд бардоштани устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои шаҳрҳо муҳим аст. Барои он ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар баландбардории устуворӣ ва коҳиш додани хатарҳо дастгирӣ карда шаванд, UNDRR дар якҷоягӣ бо шарикони глобалӣ ва минтақавии худ ташаббуси «Баланд бардоштани устувории шаҳрҳо то соли 2030» (MCR2030) -ро ба роҳ монд.

MCR2030 — ин ташаббуси беназири бисёрсоҳавӣ барои баланд бардоштани устувории маҳаллӣ тавассути таблиғот, мубодилаи дониш ва таҷриба, ташкили шабакаҳои омӯзишии таҳкими мутақобила миёни шаҳрҳо, ҳамгироии таҷрибаи техникӣ, муттаҳид кардани сатҳҳои гуногуни ҳукумат ва роҳандозии муносиботи  шарикӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Нуробод вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд