Дар Истанбул бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ доир карда шуд

Май 20, 2022 15:03

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 май бо ташаббуси  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон бо донишҷӯён ва ҷавонони тоҷик, ки дар Туркия таҳсил ва фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Вохӯрӣ дар Донишгоҳи «Gelişim»-и шаҳри Истанбул бо иштироки беш аз 100 нафар баргузор гардида, дар он намояндаи Сафорат оид ба масъалаҳои дастгирии давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илмомӯзии онҳо, қабул ва амалӣ гардидани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, бурсияҳо ва ҷоизаҳои президентӣ барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидани иқдомҳои шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо суҳбат намуд.

Таъкид гардид, ки мутаассифона, дар баробари  ҷавонони лаёқатманд, ватандӯст ва меҳанпараст нафароне ҳастанд, ки дар пайи халалдор сохтани амнияти кишвар, зарар расонидан ба истиқлоли давлатӣ ва дар маҷмӯъ хизмат кардан ба «хоҷагони хориҷӣ»-и худ мебошанд. Хусусан ишора карда шуд, ки нафарони аз илму ирфон дур ва зери таъсири шахсони ифротию террористӣ қароргирифта барои халалдор сохтани суботу амнияти Тоҷикистон кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.


Вобаста ба амалу кордорҳои чунин гурӯҳҳо маълумоти муфассал пешниҳод шуда, ҷавонон ба зиракии сиёсӣ ва эҳтиром гузоштан ба сулҳу субот ва истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳидоят гардиданд.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик барои болида гардонидани хотири шаҳрвандон барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.


Миёни иштирокчиёни вохӯрӣ ва намояндаи Сафорат вобаста ба шарту шароити таҳсилашон дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Туркия суолу ҷавоб сурат гирифта, вазъи будубошашон дар ин кишвар ва дигар масъалаҳои шаҳрвандӣ муҳокима гардиданд.

Намояндаи Сафорат иттилоъ дод, ки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии ҷавонон, хусусан донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Туркия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳ карда, баҳри дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои дахлдорро меандешанд.


Донишҷӯён низ дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар изҳори омодагӣ намуданд, ки донишу илмҳои муосирро фаро гирифта, баҳри боз ҳам ободу мутараққӣ кардани Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.

Дар идомаи чорабинӣ миёни донишҷӯён мусобиқаҳои варзишӣ доир карда шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Май 20, 2022 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст