Дар Ҷопон комикс* дар бораи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи беандозаро ба фарҳанги ин минтақа бедор намуд

Май 19, 2022 12:05

ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии JICA комикс-мангаи «Қиссаҳои арӯс» — дар бораи  расму русуми аъанавии  мардуми Осиёи Марказӣ ба табъ расид, ки ба 9 забон тарҷума шудааст. Дар ин бора дар маркази матбуоти Хадамоти матбуоти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон хабар доданд.

Нашри мангаи «Қиссаҳои арӯс» («Отоёме гатари)-и нависандаи маъруфи ҷопонӣ Каору Мори ҳанӯз соли 2008 шурӯъ шуда, то имрӯз 13 ҷилди он ба табъ расидааст.

Нависанда тавассути китоби ҳаҷвии «Қиссаҳои арӯс», ки ба нуҳ забон тарҷума шудааст, тамоми ҷаҳонро бо ҳаёти суннатии мардуми Осиёи Марказӣ дар асри 19 шинос месозад. Ҳоло манга расман барои хондан ба забони русӣ дастрас аст. Мангаи ҷолибе, ки дар он муаллиф ҷузъиёти зиндагии халқҳои минтақаи Осиёи Марказиро тасвир мекунад, дӯстдорони таърих ва фарҳанги беназирро ба ваҷд меорад. Саргузаштҳои қаҳрамонҳои асосӣ — арӯсҳо, ки ҳар кадоми онҳо мардуми худро намояндагӣ ва муаррифӣ мекунанд, дар расмҳои зебо тасвир шудаанд.

«Қиссаҳои арӯс» ба фарҳанги Осиёи Марказӣ дар Ҷопон таваҷҷуҳи зиёде ба вуҷуд овард. Илова ба дарёфти ҷоизаи асосӣ дар ҷоизаи «Manga Award 2014» дар Ҷопон асар пас аз тарҷума ба забонҳои дигар дар хориҷи кишвар соҳиби ҷоизаҳои гуногун шудааст. JICA дар ҳамкорӣ бо нашриёти «KADOKAWA» се ҷилди ин асарро ба забони русӣ тарҷума кард ва ба ин васила дастрасии доираи васеи хонандагони комиксро ба забони русӣ таъмин намуд.

Тарҷумаи комикс ба солгарди 30-юми барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бахшида шудааст. Мангаи “Қиссаҳои арӯс” ҳамчун яке аз намунаҳои табодули байнифарҳангӣ ва пешбурди ғанисозии мутақобилаи фарҳангӣ миёни халқҳои Ҷопон ва Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.

_____________

* Комикс (аз англ. comic  «хандаовар») — ҳикояи тасвирӣ, қисса дар расмҳо. Комикс хусусияти чунин шаклҳои санъат, ба монанди адабиёт ва санъати тасвириро ба ҳам пайванд месозад. Як намуди тасвири китоб ва маҷалла аст, ки баъзан дар расонаҳои чопӣ истифода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 19, 2022 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд