Давандаи австралиягӣ Мина Гули ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон расид

Май 28, 2022 10:06

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди Австралия Мина Гули, ки шурӯъ аз 15 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар 11 марафон ширкат меварзад, боз ду марафони дигарро 24 май дар масири деҳаи Зиғар – маркази ноҳияи Дарвоз (42,2км) ва 26 май дар ноҳияи Ванҷ, қад-қади дарёи Ванҷ (42,2км) анҷом дода, дирӯз 27 май ба маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  расид. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» дар котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки марафони дав бо иштироки Мина Гули бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 баргузор мешавад.

Марафони дав дар Тоҷикистон то 10 июн идома меёбад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак» ва маконҳои сайёҳӣ дидан менамояд ва дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-8 июн) ширкат мекунад.


16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар масири Панҷакент-Айнӣ-Душанбе дар масофаи 42 километр оғоз гардида, 18 май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус-Носири Хисрав, 20 май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ ва 22 май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин-Зиғар, қад-қади дарёи Панҷ баргузор намуд.

Мина Гули ва ҳамроҳонаш дар ин муддат аз мавзеъҳои сайёҳии Саразм, Чилучорчашма, Бешаи Палангон ва обанбори Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ дидан карданд.

АКС: Котиботи конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Май 28, 2022 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид