Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафар ба Қазон бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 18-21 май ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи сафар бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар мактабҳои олии таълимии шаҳри Қазон таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор гардид. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Ҳамчунин Д. Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими шаҳри Қазон мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дода, доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дод.
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд






