ФУТБОЛ. Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои занона 5 июн оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати панҷуми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои занона баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мавсими нави лигаи занона 10 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) ширкат мекунанд.
Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон 5 июн оғоз шуда, дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, дастаҳо дар як мавсим 18- бозигӣ хоҳанд кард.
Тибқи анъана, Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзол пешниҳод мекунад. Инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва буду боши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ федератсия пардохт мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои занона
Даври 1
5 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 9:00
«Конибодам» (Конибодом) – «Ҳосилот» (Фархор)
«Зебо» (Дӯстӣ) – «Суғд» (Суғд)
«Ситора» (Шаҳринав) – «Зебонисо» (Душанбе)
«Хатлон» (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)
«Бунҷикат» (Шаҳристон) – «Бешкент» (Носири Хусрав)
Даври 2
12 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 9:00
«Ҳосилот» (Фархор) – «Бешкент» (Носири Хусрав)
МДМВ (Кӯлоб) – «Бунҷикат» (Шаҳристон)
«Зебонисо» (Душанбе) – «Хатлон» (Бохтар)
«Суғд» (Суғд) – «Ситора» (Шаҳринав)
«Конибодом» (Конибодом) – «Зебо» (Дӯстӣ)
Акс: ФФТ








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






