ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозии дӯстона доир мекунад
ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев моҳи июн дар Душанбе ду бозии дӯстона бозии дӯстона доир мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
«Рӯзҳои 2-юм ва 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд. Ин вохӯриҳо соати 20:00 оғоз мешаванд»,- иттлоъ доданд дар ФФТ.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо мебошанд. Даври интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Вохӯриҳои рафиқона
2 июн (панҷшанбе)
Оғоз — соати 20:00
ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
4 июн (шанбе)
Оғоз — соати 20:00
ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






