ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ муайян гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд. Дар ин давр 7 май дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 9 май «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 12 май «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозӣ мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар даври панҷум дастаи «КМВ Артиш»-и шаҳри Душанбе ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба як голи бозингари дастаи мизбон Шарафҷон Солеҳов кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд. Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози дастаи «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозингари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ин давр бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 5 | 3 | 2 | 0 | 7-3 | 11 |
| 2 | КМВА (Душанбе) | 4 | 3 | 0 | 1 | 6-3 | 9 |
| 3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 5 | 2 | 1 | 2 | 6-5 | 7 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 4 | 2 | 1 | 1 | 5-5 | 7 |
| 5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 5 | 1 | 2 | 2 | 4-3 | 5 |
| 6 | «Равшан» (Зафаробод) | 5 | 1 | 2 | 2 | 5-9 | 5 |
| 7 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 4 | 1 | 1 | 2 | 6-3 | 4 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 4 | 1 | 1 | 2 | 3-7 | 4 |
| 9 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 4 | 1 | 0 | 3 | 5-9 | 3 |
| 10 | «Истиқлол» (Душанбе) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Абдухалил Боронов («Равшан» Кӯлоб), Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод), Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата») – 3 -тӯбӣ.
Даври 6-ум
7 май (якшанбе)
«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод)
«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»
9 май (душанбе)
«Истаравшан» – КМВА
12 май (панҷшанбе)
«Хуҷанд» – «Равшан» (Кӯлоб)
«Хатлон» – «Истиқлол»
Акс: ФФТ








Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд






