ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББИ ОИЛАВӢ. Дар замони муосир он яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти соҳаи тандурустист
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 май бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ таҳти унвони «Дастовард, рушд ва дурнамои хизматрасониҳои тибби оилавӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиши идона доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Хайринисо Юсуфӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки «ислоҳот дар соҳаи мазкур, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад. ҲХДТ идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалини тиббию санитарӣ талош меварзад».
Мовини якуми Вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода доир ба нақши табибони оилавӣ дар таъмини солимии аҳолӣ иброз дошт, ки “дар замони муосир хизматрасонии тибби оилавӣ яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад”.
Дар охири ҳамоиш фаъолони соҳа бо Сипоснома ва Ифтихорномаи КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.


Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тадриҷан амалӣ шуда истодааст ва ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани дастрасӣ, сифат, самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кумаки аввалини тиббию санитарӣ мебошад.
Дар айни замон дар тамоми қаламрави кишвар мутахассисони соҳибихтисоси тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, ки дар маҷмӯъ ба пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






