Имрӯз дар сиғаи онлайн ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад

Май 20, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон 20 майи соли 2022 тавассути видеоконфронс баргузор мешавад. Дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ширкат ва суханронӣ мекунад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар рӯзномаи ҷаласа 10 масъала пешбинӣ шудааст.

 Тавре интизор меравад, сарони ҳукуматҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкорӣ дар доираи ИДМ-ро дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баррасӣ менамоянд. Дар назар аст, ки таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши агросаноатӣ, аз ҷумла чорводорӣ ва таҳкими фазои ягонаи илмии кишварҳои узви Иттиҳод равона гардад.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар ИДМ табодули афкор карда, ҳамчунин масъалаҳои амнияти биологию иттилоотӣ ва рӯзномаи кадриро баррасӣ намуда, сана ва ҷои баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муайян мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон