ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗОДИИ МАТБУОТ. Тоҷикистон дар раддабандии нави Созмони «Гузоришгарони бидуни марз» 10 зина боло рафт

Май 3, 2022 17:54

ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи «Намояи (индекси) умумиҷаҳонии озодии матбуот» — ҳисоботи солонаи Созмони «Гузоришгарони бидуни марз», ки имрӯз, 3 майи соли 2022 дар Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот нашр шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора 10 зина боло рафта, дар байни 180 кишвар дар ҷойи 152-юм қарор гирифт. Соли гузашта кишвари мо дар ин раддабандӣ дар зинаи 162-юм  ҷойгузин гашта буд. Тоҷикистон аз лиҳози озодии матбуот аз Беларус (ҷойи 153), Озарбойҷон (154), Русия (155), Кувайт (158), Миср (168), Чин (175) ва Туркманистон (177) пеш аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши ҳалкунанда дорад, яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад.

Бино ба андешаи номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён, меъёрҳои конститутсионӣ асосӣ пешрафти бузург, рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошанд.

«Озодии баён омили муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ва волоияти қонун аст. Дар кишвари мо барои рушди ВАО тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Миёни сатҳҳои гуногуни мақомот ва ВАО ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин дар шароити кунунии бархӯрди манфиатҳо муҳим аст. Нақши матбуоти озод дар татбиқи ҳадафҳои геополитикӣ хеле бузург аст, зеро тавассути он иттилоот ба ташаккули инсон ва тафаккури ӯ таъсири муассиртар мерасонад <…>», — тазаккур дод ӯ.

Дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. аблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».

«Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши мансабдорон ба матолиби интиқодӣ ва таҳлилии ВАО» намунаи хуби ҳамкории давлат ва ВАО мебошад <…>», — илова кард Илҳомҷон. Хамидиён.

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити муосир амнияти иттилоотӣ ба як мушкили ҷиддӣ табдил меёбад. Доштани иттилооти зиёд дар ҷомеаи демократӣ мисли «идораи ҷаҳон» аст.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи дотсенти факултети журналистикаи ДМТ, таъмини амнияти иттилоотӣ ба хатори озодии баён масъалаи муҳим аст. Ҳифзи фазои ягонаи иттилоотӣ низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи мақомот қарор дошта бошад.

«Зиёиёни кишвар бояд дар баробари матолиби худхоҳона ва таҳқиромез, ки ба хотири халалдор кардани иродаи сиёсӣ ва суботи халқу миллат паҳн мешаванд, хомӯш набошанд. Фаъолияти иттилоотии моро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшидан лозим аст. Дар ин замина шаҳрвандони кишвар бояд ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба дастрас бошанд, дар инъикоси соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд. Матбуоти озод дар муколамаи байни гурӯҳҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳукумату мардум, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир мебозад. Дарки ҳарчи зудтари ин падида ба манфиати тамоми қишрҳои ҷомеа аст», — хулоса кард номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултети журналистикаи ДМТ Илҳомҷон Ҳамидиён.

Лайло ТОИРӢ,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2022 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВАҶҶУҲ! ДАР РУСИЯ — МАВҶИ НОАЁНИ COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 514 миллион нафар гузашт
ШУМОРАИ 108-УМИ БЮЛЛЕТЕН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19 ДАР ИДМ БА НАШР РАСИД. Бахш оид ба Тоҷикистон аз маводи АМИТ «Ховар» иборат аст
МАЪЛУМОТ БАРОИ МУЛОҲИЗА. Пандемия ҳанӯз поён наёфтааст, дар Русия замони хуруҷи нави COVID-19-ро пешгӯӣ намуданд
ДАВЛАТИ ПИРӢ. СММ даъват кард, ки 50 роҳбар барои ҳимояи ҳуқуқи пиронсолон дар кишварҳои худ қадрдонӣ шаванд
Дар Тоҷикистон 93,1 фоизи шаҳрвандон бар зидди сирояти COVID-19 ваксина гирифтаанд
ДАР ТОҶИКИСТОН НАРХИ КАРТОШКА, ҚАНД ВА СӮЗИШВОРӢ АРЗОН ШУД. Ҳукумати мамлакат танзими давлатии нархи маҳсулоти асосии озуқаро ба роҳ мондааст
10 ЗИНА БОЛОТАР! Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ беҳтар сохт
Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро ба Душанбе даъват карданд
Дар Тоҷикистон 92,9 фоизи шаҳрвандон вояи якуми ваксина бар зидди COVID-19 гирифтаанд
ТОҶИКИСТОН — ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ ПЕШҚАДАМИ ПЕШБАРАНДАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ИДМ. Ба чунин хулоса омадааст созмони бритониёии Abbey Care Foundation
Музаффар Ашуриён: Дар низоми давлатдорӣ мақомоте, ки сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия мебошад
Миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон парвозҳои мунтазам афзоиш дода мешаванд