Кишоварзони Фархор ба хориҷи кишвар пиёз содирот менамоянд

Май 22, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Фархор барои таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мардум бо маводи ғизоӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот мувофиқи дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 264 гектар кишти картошта ва дар майдони 274 гектар кишти пиёз гузаронида шудааст, ки 110 гектари онро кишти барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор иттилоъ доданд.

Деҳқонони ноҳия ба ҷамъоварии пиёз шурӯъ карда, ният доранд ҳосили ба даст омадаро ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ ва дар саҳро кишти такрорӣ ба роҳ монанд.

Дар хоҷагиҳои деҳоти Истиқлол ва Хуросони ноҳия кишоварзон дар баробари дигар номгӯи маҳсулот ҳар сол аз кишти картошкаю пиёз низ ҳосили фаровон ва даромади хуб ба даст меоранд.

Дар ноҳия имсол нақшаи содироти кишоварзӣ 3200 тонна пешбинӣ гардидааст.

Масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳия иқдом гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик баъд аз ҷамъоварӣ кардани пиёз содироти ин номгӯи маҳсулотро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Хоҷагидорони ноҳия соли равон ҳосили боғҳо ва нашъунамои майдони полезиро хуб арзёбӣ намуда, аз ҳисоби истеҳсоли мева ва полезӣ низ бояд имсол содироти маҳсулот бештар карда шавад. Ин тадбир ба даромади иқтисодии аҳли заҳмат ва ҳавасмандии онҳо нисбат ба таъмини рушди соҳа мусоидат менамояд.

Дар хоҷагиҳои ноҳия ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладонагӣ низ шурӯъ гардида, кишоварзон барои оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини коррами обӣ иқдом гирифтаанд, ки маъракаи ҷамъоварии ҳосилро вусъат бахшанд.

АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи  Фархор

Май 22, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид