Махфират Хидирзода: Арзишҳои умумиинсонӣ- муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ оиларо ташкил медиҳанд

Май 15, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 15.05.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Ташаккул ва рушди институти оила дар ҷомеа таърихи дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, мустаҳкамкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ, василаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ эътироф гашта, фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайраҳо дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд. Бо назардошти ҳамин муҳимият СММ бо Қатъномаи №47/237 аз 20 сентяби соли 1993 15 майро Рӯзи байналмилалии оила эълон намуд, ки он аз соли 1994 инҷониб ҳамасола таҷлил карда мешавад. Чунин ибрози назар намуд узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират ХИДИРЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба андешаи мавсуф, мақсад аз таҷлили ин рӯз, пеш аз ҳама, ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъала ва мушкилиҳои мавҷуда дар оилаҳо буда, ҳамасола таҳти мавзӯъҳои гуногун дар доираи ин рӯз ҳамоишҳо ташкил карда мешаванд. Оила иттифоқи ихтиёрии марду зан буда, ҳамчун ниҳоди нахустини иҷтимоии ҷомеа муаррифӣ мешавад. Дар доираи оила муносибатҳои иҷтимоӣ шакл мегиранд. Вобаста ба ин месазад ҷанбаҳои гуногуни онро ҷудо намоем, ки шинохти ниҳоди мазкурро барои хонанда осон мегардонад.

Ҷанбаи нахустини он ҷанбаи конститутсионию ҳукуқӣ мебошад. Конститутсияи кишвари мо ба масъалаи оила муносибати хосса дошта,  тибқи моддаи 33-и он муқаррар шудааст, ки “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад.  Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.  Бисёрникоҳӣ манъ аст”.

Меъёри зикргардидаи конститутсионӣ имконият медиҳад, ки дар фаъолиятии ниҳоди иҷтимоӣ  чунин принсипҳое, ки бевосита ба ҳукуқу озодиҳои инсон рабт доранд, аз қабили озодӣ, ихтиёрӣ, баробарҳуқуқии мардону заноне, ки оила бунёд кардан мехоҳанд, болиғ будани онҳо ва манъи бисёрникоҳӣ риоя шаванд, то ин ки низоми муносибатҳои дар ин доира ташаккулёбанда устувору созанда ва бошуурона бошад.

Моддаи 34-и Конститутсия муқаррар намудааст, ки «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Дар доираи муқаррароти мазкур давлат оиларо таҳти ғамхории худ қарор дода, чораҳои зарурии дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодиро ҷиҳати таъмини сатҳи зарурии зиндагӣ муҳайё месозад. Ҳамзамон бо ин уҳдадориҳои мутақобилаи падару модар дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва уҳдадориҳои фарзандони болиғи қобили меҳнат ҷиҳати нигоҳубини падару модар низ муқаррар гардидаанд.

Ҳамчунин нуктаи дигарро низ зикр намудан зарур аст, ки солҳои охир  ба такмили заминаҳои қонунгузории оилавӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба боло бурдани синну соли никоҳ аз 17 ба 18, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ», ки дар баробари дигар ҷанбаҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии оилаҳо аҳамияти муҳим дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд», ки масъулияти оиларо дар тарбияи шахсияти комил мукаммал менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, ки ба бартараф намудани зуҳуроти номатлуби зўроварӣ дар оила нигаронида шудааст, қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтаанд. Қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун таҷрибаи хуб дар масъалаи муайян намудани самти фаъолият вобаста ба таҳкими мавқеи оила дар шароити мавҷудияти таҳдидҳои гуногуни замони ҷаҳонишавӣ мебошад.

Ҷанбаи дуюм— ҷанбаи иҷтимоии он мебошад, ки тамаддуни инсониро тӯли мавҷудияташ нигоҳ дошта, мазмуни аслии онро ҳифз намудааст. Оила дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, нахустин зинаи иҷтимоишавии шахс ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин муҳит фард аз нишонаҳои аввалини ҳаёти иҷтимоии ҷомеа хабардор гашта, ба низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ворид мегардад ва нақши худро ҳамчун фарзанд дар оила мешиносад. Маҳз ҳамин муҳит ба ӯ меомӯзонад, ки ӯ дорои имконияти муайянест, ки баҳри беҳбуд гардонидани вазъи худ аз онҳо истифода бояд барад. Дар баробари ин уҳдадориҳое низ мавҷуданд, ки ӯ бояд онҳоро иҷро кунад.

Аз ҳамин ҷост, ки шинохти ҳалқаҳои занҷири иҷтимоӣ барои ҳар фард хусусияти ҳатмӣ пайдо мекунад ва минбаъд шумораи ин ҳалқаҳо дар ҷомеа зиёд гашта, рафтори шахсро дар доираи муайяни муносибатҳо назорат мекунанд. Яъне, аз шинохти мавқеи худ дар ин муҳит аввалин қадамҳои иҷтимоишавӣ оғоз ёфта, минбаъд ин ба шинохти ҷойи ҳуд дар ҷомеа мубаддал мегардад. Маҳз аз ҳамин сабаб нақши оила дар ташаккули шахсияти инсон бағоят муҳим буда, қодир аст дар таҳкиму субот ва пешравии ҷомеа низ саҳми босазо дошта бошад.

Ҳар кишвар вобаста ба хусусияти иҷтимоию фарҳангии худ ба  оила муносибати хосса дорад. “Дар кишвари мо низ оила ҳамчун ниҳоди нахустини ҷомеа эътироф шуда, таҳти ғамхории давлат қарор дорад”-гуфт Махфират Хидирзода.

Дар баробари ин хусусияти хоси ҳама ниҳодҳои иҷтимоӣ- ин мавҷудияти мавқеъ ва нақшҳои аъзои онҳо мебошад, ки сохтори онро комил мегардонанд. Оила низ дорои чунин хусусият буда, ҳар аъзои он соҳиби мавқеи муайяни иҷтимоист, ки дар ин доира маҷмӯи муайяни нақшҳоро иҷро мекунад.

Чуноне ки ҷомеашиносон зикр мекунанд, мавқеи иҷтимоӣ ифодакунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои муайянест, ки шахс онҳоро бояд дар доираи ин ё он муҳит иҷро кунад. Мавқеи аъзои оила аз якдигар сахт вобаста мебошад. Дар баробари ин шахси дорои мавқеи муайян якчанд нақшҳоро дар оила иҷро карда метавонад. Масалан, зан дар оила мавқеи ҳамсарӣ дошта, ин мавқеи ӯ имконият медиҳад, ки модар, тарбиятгар ва нигаҳдорандаи чароғи хонадон бошад. Чунин мавқеъ ва нақшҳоро шавҳар ва фарзандон ҳам доранд.

Ҷанбаи сеюми он иҷтимоию фарҳангӣ мебошад, ки дар доираи он арзишҳо, урфу одат ва анъанаҳо ҳифз мегарданд. Ҳамин аст, ки  давлат дар сиёсати иҷтимоии худ ба оила ҳамчун василаи муҳими таъмини робитаи байни наслҳо, интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоию фарҳангӣ ва тарбияи шахсиятҳои комил назар дошта, пайваста талош менамояд, ки низоми муносибатҳои мавҷудаи анъанавӣ дар он тавассути қонун низ мустаҳкам карда шаванд, зеро дар марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми шадиди фарҳангӣ ва омехташавии арзишҳо нигоҳдошт ва ҳимояи беҳтарин арзишҳои анъанавӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту ҳамраъйӣ ва ғамхорӣ нисбат ба якдигар хеле муҳиманд.

Ҳифзи муҳити анъанавии оилаи тоҷик ё худ муҳити тоҷикона дар он василаи муҳими нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон буда, тавассути он таҷрибаи иҷтимоию фарҳангӣ аз  насл ба насл ба мерос гузошта мешавад.

Вобаста ба ин масъала таъкиду супориши Сарвари давлат дар Паёмашон ба Парлумони кишвар соли 2015  оид ба масъалаи ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ворид намудани курси омўзишии маърифат ва одоби оиладорӣ беҳуда набуд. Агар аз як тараф, омўзиши ин фан барои омодагии ҷавонони мо ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ зарур бошад, аз ҷониби дигар, метавонад ба устуворгардии муносибатҳо дар дохили оилаҳо низ мусоидат намоянд. Зеро ин имконият медиҳад, ки фарзанд мавқеъ, вазифа ва уҳдадориҳои худро дар доираи оила муайян намуда, қарзи фарзандии худро дар назди падару модар пурра иҷро намояд.

Барои устуворгардонии муносибатҳои оилавии ба меҳру муҳаббат ва садоқату вафодорӣ асосёфта тарғиби ҳарчи бештари арзишҳои миллии мо дар масъалаи муқаддасии оила ва эҳтироми ҳамдигарӣ, боло бурдани сатҳи иттилоотонию маърифатнокии ҷомеа дар ин самт зарур аст. Истифода аз неруи пуриқтидори воситаҳои ахбори омма, зиёиён, аҳли ҷамоат, шахсони обрӯманди маҳаллаҳо ва занони фаъол муфид хоҳад буд

Таҷрибаи иҷтимоӣ собит месозад, ки дар раванди нигоҳдошт, ҳифз ва интиқоли арзишҳои миллию фарҳангӣ нақши занону модарон басо бузург аст, ки қодиранд робитаро байни наслҳо мустаҳкам намуда, устувории ҳувияти миллиро таъмин намоянд. Ин рисолат дар замони муосир аҳамияти махсус пайдо кардааст.

Ҷанбаи чоруми фаъолияти оила ҷанбаи иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Оила ниҳодест, ки дар доираи он муносибатҳои муайяни иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд. Мафҳуми маъмулии “меҳнатӣ хонагӣ” дар замони муосир ба ду маънӣ фаҳмида мешавад: аввалан, меҳнате, ки барои нигоҳубини оила ва аъзои он анҷом дода шуда, бемузд аст ва  дуюмӣ, меҳнате, ки дар муҳити оила дар асоси шартнома бо субъекти берунӣ анҷом дода шуда, бар ивазаш музди муайян пардохт карда мешавад. Дар ҳарду ҳолат ҳам муносибатҳои иқтисодии дар доираи ниҳоди мазкур бавуҷудоянда ба таҳкими заминаҳои иқтисодии оила равона карда мешаванд. Ташкили ҳунармандии оилавӣ, соҳибкории оилавӣ  ва тиҷорати оилавӣ амалҳое мебошанд, ки солҳои охир дар кишвари мо тақвияти тоза пайдо намуда, ба боло бурдани сатҳи некуаҳволии оилаҳо мусоидат намуда истодаанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки рушди ҷомеа таъсири худро ба муносибатҳои анъанавии оилаҳо низ расонида истодааст. Олимони ҷомеашинос якчанд тамоюлҳоеро ҷудо менамоянд, ки дар бораи тағйирпазирии муносибатҳо дар ин самт шаҳодат медиҳанд, аз қабили тағйирпазирӣ ва модернизатсияи нақшҳои иҷтимоии анъанавӣ дар оила (дар мисоли муҳоҷирати меҳнатӣ, ки занон ҳам фаъолона ба ин раванд ҷалб шуда истодаанд), пайдоиши озодӣ ва мустақилияти нисбӣ дар муносибатҳои оилавӣ ( мисол, бунёди оила бе қайди давлатии он), коҳиш ёфтани арзиши иҷтимоии оила (мисол, зиёд шудани талоқ).

Вобаста ба ин ҳифз намудани ин ниҳоди муҳими иҷтимоӣ вазифаи аввалиндараҷаи дилҳоҳ ҷомеа мебошад. Зеро вайроншавии муносибатҳои одии инсонӣ дар муҳити оилавӣ, косташавии муҳаббат байни наздикон дар муҳити оила, авҷ гирифтани худхоҳию мағрурӣ ва манфиатхоҳию индивидуализм заминаи заифгардии пояҳои маънавии ҷомеа гашта, ба буҳрони муносибатҳои иҷтимоӣ суръат мебахшад.

Аз ин рӯ зарур аст, ки оила бо ҳама рукнҳо  ва суннатҳои худ пойдор нигоҳ дошта шуда, дар ин замина самимияту вафодорӣ ва муҳаббату садоқат дар ҷомеа устувор гарданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 15, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад