Майдони Исмоили Сомонӣ ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мешаванд

Май 12, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти мазкур.

Бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ гурӯҳи кории Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ ба шаҳри Хоруғ сафар намуд.

Гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ дидан кард.

Муовини якуми Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ бо лоиҳаи навсозии майдони мазкур шинос гардида, барои ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ намудани майдони марказии шаҳри Хоруғ пешниҳодҳои мушаххасро баррасӣ намуд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Май 12, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд