Мактаби миёнаи №1 ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Ҷамшедшоҳ Мирзо гузошта шуд

Май 2, 2022 13:29

Ш. ШОҲИН, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Ҷамшедшоҳ Мирзо гузошта шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ҷамъомаде, ки дар маҷлисгоҳи ин муассисаи таҳсилоти миёна баргузор шуд, таъкид гардид, ки Ҷамшедшоҳ Мирзо хонандагонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша ҳидоят мекард.

Имрӯз дар ҷомеа номи шахсиятҳое вирди забонанд, ки воқеан ҳам баҳри Ватан ва ободию якпорчагии он саҳми назарраси худро гузоштаанд. Ҷамшедшоҳ Мирзо ҷони худро дар ҳифзи марзу буми Ватан нисор кардаву ҳалок гардидааст.

Ҷамшедшоҳ Мирзо 27 июни соли 1968 дар деҳаи Навободи собиқ ноҳияи Шӯрообод дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, таҳсили ибтидоии худро дар собиқ мактаби миёнаи умумии №10-и ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ҳозира Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия оғоз намуда, соли 1985 онро бо баҳои хубу аъло хатм менамояд.

Ҷамшедшоҳ Мирзо баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб супурда, муддати 2 сол таҳсили илм менамояд ва ҳангоми таҳсил баъди хатми курси 2 ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, озими хизмат мешавад. Муддати 2 сол хизмати Модар-Ватанро дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҳамчун афсари тирандоз адо намуда, баъди адои хизмат ҳамчун ҷавони далеру шуҷоъ ба Ватан баргашт. Ӯ таҳсилашро аз рӯи ихтисоси омӯзгорӣ  идома медиҳад. Баъди хатми донишгоҳ роҳхат ба МТМУ №10 зодгоҳаш гирифта, ҳамчун омӯзгори ҷавон ба кор шурӯъ менамояд. Соли 1992 Ҷамшедшоҳ Мирзо ҳамчун як ҷавони шуҷои Ватан дар барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ба баталйони махсуси тирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси командири рота ба кор шурӯъ мекунад. Бояд гуфт, ки Ҷамшедшоҳ Мирзо дар барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ дар бесарусомониҳои соли 1992  11 феврали соли 1996 ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои ин фарзанди шуҷои Ватанро қадр намуда, баъд аз маргаш соли 1998  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо ордени «Спитамен» сарфароз  гардонид.

Ҷамшедшоҳ Мирзо дар тарбияи шогирдону фарзандон низ нақши  бориз гузоштааст. Имрӯз падари шодравон Ҷамшедшоҳ Мирзо Алиҳмад Мирзоев шукргузор аз давлати тинҷу ором ва сулҳу суботи мамлакат буда, қаноатманд аз он аст, ки қаҳрамониҳои фарзанди ӯро Ҳукумати ҷумҳурӣ қадр карда, ин муассисаро ба номи ӯ гузоштанд.

Дар ҷамъомад изҳор карда шуд, ки ҷавонони имрӯза бояд мисли Ҷамшедшоҳ Мирзо ба Ватани хеш содиқонаю сарбаландона баҳри якпорчагии Ватан ҳамеша хизмат намоянд. Ҳамчунин зикр гардид, ки қаҳрамонон ҳеч гоҳ намемиранд,  кори нек ва  хислати накӯи онҳо номашонро  абадӣ зинда нигоҳ медорад.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2022 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд