МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Аз 10 то 30 июн марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ доир мегардад

Май 9, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 09.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 30 июн марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) доир мегардад. Дар он довталабоне, ки худро дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД номнавис намоянд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманд бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.

«Довталабоне, ки дар марҳилаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалини худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд. Инчунин довталабоне, ки худро дар марҳилаи иловагии бақайдгирӣ номнавис мекунанд ё дар марҳилаи иловагии азнавбақайдгирӣ интихобҳои аввалини худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд»,- афзуд манбаъ.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳилаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва аз сомонаи Марказ дастрас намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид