Маркази миллии тестӣ маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтнамудаи баъзе довталабонро бармегардонад
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2022 ба анҷом расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллӣ тестӣ.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестӣ ба шахсони зерин маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшударо бармегардонад:
Ба соҳиби расиди бонкӣ, ки аз номнависӣ барои иштирок дар ИМД даст кашидааст; довталабе, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидааст, бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад, хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад, бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок намекунад, тибқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи аз пардохти тамоми маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз он озод буданро дорад, вале ин маблағро қисман, пурра ё барзиёд пардохтааст, маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаасту аммо дар ин марҳала худро сабти ном накардааст (азнавбақайдгириро нагузаштааст), аз миқдори маблағи муқарраршуда барзиёд пардохт кардааст.
Вобаста ба ҳар ҳолати муайян Марказ шакли аризаро дар бораи баргардонидани маблағҳои пардохтшуда барои хизматрасонӣ дар ИМД муқаррар карда, нусхаи электронии ҳар яке аз онҳоро дар сомонаи Марказ ҷой додааст. Аз ҷумла, соҳибони расиди бонкӣ (шахсони маблағро пардохткарда, ки аз қайд нагузаштаанд) шакли АБМ-1-ро, довталабоне (шахсони маблағро пардохткарда ва азқайдгузашта), ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст мекашанд ё бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд, шакли АБМ-2-ро, довталабони аз пардохти маблағ ё қисме аз он озод, ки ҳамаи маблағро пардохта, аз қайд гузаштаанд, шакли АБМ-3-ро, довталабоне, ки маблағи азнавбақайдгириро пардохта, худро аз нав номнавис накардаанд, шакли АБМ-4-ро ва довталабоне, ки маблағи барои хизматрасонӣ муқарраршударо барзиёд пардохтаанд, шакли АБМ-5-ро бояд пур намоянд.
Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷатҳои дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.
Бояд гуфт, ки аз 16 май равандҳои дигари банақшагирифтаи омодагӣ ба имтиҳонҳо аз ҷумла чоп ва ирсоли даъватномаҳо, нашри маводи имтиҳонӣ, ҷалби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои бехатарӣ бо дарназардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегардад ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои довталабоне, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан мехоҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида шаванд.
Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба Марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохткардааш аз муҳлати муқарраргардида дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошти аз довталаб новобаста ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунанда баргардонида намешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






