Масъалаи ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия Аҳмад Назлан ибни Идрис мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯи баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзияро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ ба нафъи мутақобила изҳор намуда, аҳамияти талошҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкорӣ дар оянда таъкид доштанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






