МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон бояд дар як шабонарӯз аз 25 то 50 грамм фалла (творог) истеъмол намояд

Май 7, 2022 15:18

ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фалла (творог) манбаи асосии витаминҳои В ва калсий, макро-микроэлементҳо ва миқдори зиёди моддаҳо низ мебошад. Творог маҳсулоти ширии ферментшудаест, ки дар асоси шир ва хамир тайёр карда мешавад. Имрӯз мо дар якҷоягӣ бо ғизошинос, доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов дар бораи фоида творог суҳбат мекунем.

Ба гуфти Ҷаҳон Азонов «Инсон бояд дар як шабонарӯз аз 25 то 50 грамм творог истеъмол намояд. Творог дорои миқдори зиёди калсий дар шакли осон ҳазмшаванда, инчунин витаминҳои B1, B2, PP, C ва ғайра мебошад. Ба ташаккули гемоглобин мусоидат намуда, қобилияти барқарорсозии системаи асабро беҳтар мекунад, бофтаҳои устухон ва инкишофии онро мустаҳкам мекунад. Онҳое, ки вазни худро гум мекунанд, шир намехӯранд ва ё дар хоб мушкилӣ доранд, бояд творог истеъмол намояд».

Ба маслиҳати мутахассис ин маҳсулоти шириро низ ба кӯдакон истеъмол намудан фоидаовар аст. Зеро кӯдакон дар давраи инкишоф қарор доранд ва устухони онҳо ба калсий бештра ниёз дорад.

Доир ба таркиби ин маҳсулот чунин назар намуданд: «Дар 100 грамм маҳсулот метавонад аз 10 то 15 фоизи талаботи шабонарӯзии ин элементи кимиёвӣ дошта бошад. Дараҷаи ҳазмшавии он дар организми инсон нисбат ба сафедаи гӯшт каме баландтар аст. Аммо одамоне, ки ҳаррӯза калсийро истеъмол мекунанд, эҳтимоли камтар ба остеопороз гирифтор мешаванд».

Ин маҳслуоти хӯрока ба мӯйи инсон низ фоидаовар аст. Зеро он сифати мӯйро хуб намуда решаи онро мустаҳкам мекунад.

Ба тавсияи мутахасисион ин маҳсулот барои занони ҳомиладор дар раванди ташаккули скелет дар ҳомила таъсири мусбӣ мерасонад (аз ҳисоби миқдори зиёди калсий);


Инчунин шахс ба варзиш машғул бошад, пас хӯрдани творог пеш аз хоб ва пеш аз машқ метавонад ба барқароршавии мушакҳо таъсири мусбӣ расонад ва ба мубодилаи солим мусоидат кунад.

Аз сабаби он, ки творог миқдори зиёди калсий дорад, барои бадани мо вазни мӯътадил нигоҳ доштан ва аз даст додани вазни нолозим осонтар аст. Бо мубодилаи солими ин модда дар одамон ва машқҳои ҳаррӯзаи варзишӣ дар бадан фарбеҳ камтар ҷамъ мешавад ва талафоти онро метезонад.

Ба инсонҳо тавсия дода мешавад, ки творог маҳсулоти зуд вайроншаванда аст, бинобар ин онро дар яхдон на бештар аз 2-3 рӯз нигоҳ доштан лозим аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаи боз

Май 7, 2022 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид