«МИЛИПОЛ, ҚАТАР-2022». Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалии бехатарӣ ва амният иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 май ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар барои иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии бехатарӣ ва амният — «Милипол, Қатар-2022» сафар намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ.
Зимни сафар муовини Вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода бо муовини Вазири корҳои дохилӣ — мудири кулли ҷамъиятии Давлати Қатар, генерал-майор Саъд бин Ҷосим Ал-Хулайфӣ вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориро миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ 24-26 май дар Намоишгоҳи байналмилалии бехатарӣ ва амният «Милипол, Қатар — 2022» иштирок мекунад. Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоту технологияҳои таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзу тартибот ва инчунин иштирок дар ҷаласаҳои тахассусӣ дар назар аст.
Акс: ВКД ҶТ








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






