Миёни Тоҷикистон ва Амрико дар самтҳои гуногуни тандурустӣ ҳамкорӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Коргоҳи марказии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба давлатҳои Осиё Анҷалӣ Каур вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориро бо агентиҳои дахлдори ИМА ба роҳ мондааст. Дар доираи он “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ (USAID) барои то соли 2025” ба имзо расида, тибқи он якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд.
Яке аз лоиҳаҳои USAID, ки дар Тоҷикистон ҳоло бо муваффақият амалӣ шуда истодааст, ин лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» мебошад. Лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва ғизогирии модарону кӯдакони то 5-сола тавассути хизматрасонии тиббӣ дар оила, ҷомеа ва муассисаҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон то соли 2025 пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин лоиҳаи “Иҷрои ҳадафҳо вобаста ба беҳтарсозии хадамоти эпидемиологӣ” (ЭПИК) бо мақсади дастгирии беморони мубталои ВНМО дар байни қишри осебпазири аҳолӣ ва таъмини табобати муттасил амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон як қисми лоиҳаи мазкур ба расонидани кумаки техникӣ вобаста ба омӯзонидани мутахассисони соҳаи тиб ва таҳияи санадҳои клиникӣ оид ба табобати бемории сироятии COVID-19 равона карда шудааст.
Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






