МО БА ТАЪТИЛ МЕРАВЕМ! Пагоҳ барои хонандагони синфҳои як дарсҳо анҷом меёбанд
ДУШАНБЕ, 24.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо барои синфҳои як 25 май ва барои синфҳои 2-11 якуми июн ба охир мерасанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.
Ҳамчунин бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2017 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.05.2017 дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таҷлил намудани чорабинии «Занги камолот» манъ карда шудааст.
Ҳамзамон бо ирсоли мактуб ба унвони сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо ба масъулин дастур дода шудааст, ки ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти дастури мазкур бо омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони синфҳои 9-11 корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати маориф ва илм гузориш пешниҳод намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






