Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон аз маконҳои сайёҳии вилояти Суғд дидан менамоянд
ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 май бо роҳбарии масъулини Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон намояндагони ширкатҳои сайёҳии ин кишвар вориди вилояти Суғд шуданд. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ«Ховар» хабар дод.
Сафари меҳмонон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳкими робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.
Зимни сафар, ки рӯзҳои 5, 6 ва 7 май идома меёбад, меҳмонони узбекистонӣ аз бозори «Панҷшанбе», масҷиди марказии «Шайх Маслиҳатддин», осоишгоҳҳои «Шифо», «Баҳористон», Маркази таълимии Бонки миллӣ, Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Муғ», маҷмаии таърихии «Сари мазор», Панҷакенти қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, оромгоҳи Устод Рӯдакӣ, пойгоҳи бостоншиносии «Саразм» ва дигар иншооти сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихӣ боздид мекунанд.
АКС аз бойгонӣ








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд






