«ОИЛАИ СОЛИМ-НАСЛИ СОЛИМ». Дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Рӯзи оила ботантана таҷлил гардид

Май 14, 2022 08:57

РАШТ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 май бо ташаббуси бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳия дар муассисаи таълимии деҳаи Шулеи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт таҳти унвони «Оилаи солим-насли солим» ҳамоиши идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 400 нафар падару модарон, ҷавонону фаъолони ноҳия иштирок намуда, ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба 150 нафар кӯдакони навзод аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд ва ба оилаҳои намунавию котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони мақомоти САҲШ туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи бахши САҲШ-и ноҳияи Раштро тақдим намуданд.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рашт Нилуфар Мирзозода иброз намуд, ки «беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Оила давлати хурде мебошад, ки қонуну қоидаи худро дорад. Дар ҳамин макон агар фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбад, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба халқу ватани хеш содиқона хизмат менамояд».

Сайвалӣ Мусоев, ки ҳамчун сарвари оилаи намунавӣ барои тарбияи фарзандону хизматҳои шоистааш дар соҳаи маорифи ноҳия шинохта шудааст, дар ин чорабинӣ ба сокинони ҷамоати Боқӣ Раҳимзода бо ҳамроҳии оила ва фарзандонаш муаррифӣ гардид. Ӯ зикр намуд, ки «асосии зиндагии хушбахтона ва муваффақона дар оила- ин якдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ ва эҳтиром нисбат ба якдигар мебошад. Мо вазифадорем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ёфтани ризқи ҳалолро аз меҳнат намудан дар замини наздиҳавлигӣ оғоз намуда, то корҳои давлатӣ роҳнамоӣ намоем. Падару модарон бояд фарзанди каси дигарро, ки ба ҳайси келен ё домод қабул менамоянд, чун фарзанди худ дониста, таҷрибаю кордонии хешро барои муваффақ гардиданашон ба онҳо омӯзанд, на ин ки сарзаниш намуда, зиндагии онҳоро вайрон намоянд. Танҳо дар ин сурат зиндагии хубу босаодат ва хушбахтӣ насиби кас мегардад».

Намояндаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Қосимзода иброз дошт, ки «оила сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Ҷомеаи мутараққӣ маҳз бар ин мафҳумҳо бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Рисолати асосии оила таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳо миёни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхорӣ меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд».

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2022 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд