Ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022» дар ноҳияи Шуғнон муайян гардид

Май 15, 2022 09:18

ХОРУҒ, 15.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Даври дуюми озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022» миёни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Шуғнон баргузор шуд. Дар даври аввали озмун 18 омӯзгор ширкат намуданд, ки чаҳор нафарашон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Ба гуфти раиси комиссияи озмун Ризо Кабиров, “ҳадафи аслии ин озмун- дарёфти омӯзгори навовару эҷодкор, қадрдонии заҳмат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон мебошад. Дар доираи низомнома довталабон аз рӯи 7 шарти пешниҳодшуда байни ҳам рақобат мекунанд. Дарси конкурсӣ,  муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс аз ҷумлаи шартҳои муҳими ин озмун мебошанд. Ба таври дақиқ матраҳ намудани мавзӯъ, дода тавонистани донишҳои нав ба шогирдон, фаъол будани хонандагон дар дарс ва ҳарчӣ бештар бедор кардани завқи хонандагон нисбат ба илму дониш ва амсоли инҳо ба шарти дарси конкурсӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин довталаб бояд дар озмун бо истифода аз маводи таълимӣ-методӣ ва технологияи муосир таҷрибаи инноватсионии худро муаррифӣ намояд. Ба ин васила собит намояд, ки дар касби худ пешсаф аст ва ҳар дарсаш бо усулу услуб ва сабки нав ҷолибу шавқовар мегузарад, аз тафаккури интиқодӣ бархурдор аст ва аз танқиду эродҳои ҳамкасбони худ наҳаросида, барои ислоҳашон саъю талоши бештар мекунад”.

Воқеъбинона арзёбӣ намудани дарс, эҳсос кардани тарафҳои мусбат, камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ба шарти дигари озмун, яъне таҳлили дарс мансуб мебошад.

Ҳайати доварон ба ҳар шарти озмун алоҳида баҳо гузошта, қабл аз шарти навбатӣ холҳои довталабонро эълон намуданд.

Бо ҳамин ҷои аввал ва унвони «Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022” насиби омӯзгори забони русии муассисаи таълимии рақами як, Ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон Шаҳноза Туробова гардид. Акнун ин муаллим  шарафи омӯзгорони ин ноҳияро дар озмуни вилоятӣ ҳифз хоҳад кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид