ҶОМЕА АЗ ОИЛАИ СОЛИМ САРЧАШМА МЕГИРАД. Ва ё ҳар оилаи ҷавон қабл аз издивоҷ бояд аз дарси равоншиносӣ гузарад

Май 15, 2022 09:37

ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 ҳазору  863  (соли 2020 — 67 104) сабти ақди никоҳ сурат гирифта, сабти бекоркунии ақди никоҳ ба 13 ҳазору  714 адад мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  10 ҳазору 536, яъне 3178 ҳолат бешар аст. Ин омор гувоҳи он аст, ки сол то сол бекоркунии сабти ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш овардааст, ки ин омил бисёр нигаронкунанда аст.

Шурӯъ аз соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ ҳамасола 15 май Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки мақсад аз он — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Бояд гуфт, ки оила бақои давлату миллат буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад. Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз ёфта, дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад.

Ба гуфтаи коршиноси масъалаҳои гендерӣ Марям Давлатова, «ҳар оилаи ҷавон, ҳар оилае, ки фарзандонашонро хонадор кардан мехоҳад, бояд аз дарси равоншиносӣ бигзаранд. Бояд ҷавонписару ҷавондухтарон ва ҳам волидон усулҳои ба ҳам мутобиқ шуданро дар шароити нави муносибатҳо биёмӯзанд, то мушкилоти хонаводагӣ сар назанад ва роҳи пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон то андозае гирифта шавад. «Лев Толстой мегӯяд, ки «ҳамаи оилаҳои хушбахт ба ҳамдигар монанданд ва  ҳар оилаи ноком ба таври худаш ноком аст». Оила дар байни ду нафар- як ҷавонмарди 25-сола ва як духтараки 20-сола бунёд намешавад.

«Оила дар байни ду авлод ба вуҷуд меояд. Ва ҳамаи ин ду авлод ба муносибати инҳо таъсир мерасонанд. Таъсирҳо метавонанд мусбату манфӣ бошанд. Худи ҷавонҳоро мебояд ба ҳаёти рӯзгордорӣ омода намоем, то онҳо ба ҳар гуна  мушкилоти зиндагӣ пайваста тобовар бошанд. Онҳо бояд бидонанд, ки мушкилӣ устод ва сабақ аст. Зиндагии инсон, омӯзиши инсон ҳеҷ гоҳ охир надорад. Агар мо 70 ё 100 сол ҳам зиндагӣ кунем, ҳамаи донишҳоро аз худ карда наметавонем. Табиати инсон ҳамин гуна аст, мо ҳамеша бо умеди зиёд ба майдон медароем. Нақшаҳои зиёде мекашем, барномаҳои зиёде дар майнаамон тарҳрезӣ мекунем ва пеш аз ҳама, дар дохили онҳо як дунё умед рехта шудааст. Ин мисоли ба қадамҳои аввалини ташкили оиладорӣ по мондани навхонадорон мебошад. Ҳар гоҳ, ки мушкилӣ пеш омад донед, ки ин мушкилӣ нест, балки сабақест баҳри шумо. Дар ин  ҳолат мушкилӣ шуморо наметарсонад. Баъдан дар хотир нигоҳ доред, ки ягон чиз абадӣ нест, мушкил ва ҳам шодӣ гузаранда аст. Сабр ин тоқат кардан нест, сабр ин ба худ вақт додан аст. Ва ҳар мушкил вобаста ба дараҷааш вақти муайяне талаб мекунад. Ҳангоме ки ба коре қадам мегузорем, бояд донем, ки барои  ҳама чиз вақт ва қудрати муайяне ҷудо карда шудааст», — изҳор медорад М. Давлатова.

Ба гуфтаи равоншинос, «аз парешон шудани оилаҳои ҷавон агар кӯдакон дар миён бошанд, ҳеҷ кас бурд намекунад ва ҳарду тараф зарарҳои хеле зиёд мебинанд ки ин зарарҳо тӯлонӣ ҳам ҳастанд. Бояд донед, ки мушкили хонаводагӣ мушкили як ё ду нафар нест, балки тақрибан мушкили 50 нафар аст. Ҳамеша пушти мушкилоте, ки барои мо даҳшатангез менамояд, як чизи хуб аст. Ба худатон вақт бидиҳед, ба қудрати худатон бовар кунед ва аз мушкилиҳо наҳаросед. Ҳеҷ мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад».

Бояд иброз намуд, ки оила зинаи иҷтимоишавии шахс буда, маҳз дар ҳамин муҳит инсон ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад. Оила мактаби зиндагист ва пойдориву солимии оила ба манфиати ҷомеа аст, чунки ҷомеа аз оилаи солим сарчашма мегирад. Фарзанд муҳимтарин воситаи бақои оила мебошад. Барои тарбияи дурусти ӯ дар оила муҳити боварӣ ва эҳтирому эътимоди ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳоянд, ки дар онҳо нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзандон, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамоянд, бо далелҳои муътамад оварда шудаанд.

Ба андешаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Наимзода, Ҳукумати кишвар муҳимияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дарк намуда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор медиҳад.

Дар ин радиф аз гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».

Мутаассифона, тибқи омори судӣ, соли 2021 дар судҳои ҷумҳурӣ парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 18 083 ададро ташкил дода, вобаста ба парвандаҳои оилавӣ оид ба рӯёнидани алимент 11 581 адад парванда баррасӣ гардида, аз ин 9429 адад бо ҳалномаи даъво қонеъ карда шудааст.

«Инчунин парвандаҳои оилавӣ оид ба муқаррар намудани падарӣ, ҷои зисти кӯдак ва дигар баҳсҳое, ки аз муносибати оилавӣ баромада, дар судҳо баррасӣ мешаванд, тамоюли зиёдшавӣ доранд», афзуд Марҳабо Наимзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Май 15, 2022 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ниҳодҳои масъул барқиянома ирсол намуд, то ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода шаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Суғд Рӯзи кормандони милитсияро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад
Дар шаҳри Будваи Черногория масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил гардид
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
30-солагии қабули Конститутсияро дар Суғд бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил намуданд
Конститутсия барои занону духтарон ҳуқуқ ба таҳсил ва корро фароҳам овардааст
Дар Хоруғ 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил гардид