Пайомадҳои офати табиӣ дар шаҳри Турсунзода бартараф мегарданд

Май 11, 2022 11:08

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, боронҳои пуршиддати 5-6 май боиси боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент ва каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар, Муллошодӣ ва зери об мондани чандин қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар шаҳри Турсунзода гардиданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Файзбахш об ба 237 хоҷагӣ таҳдид мекард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои анҷом додани корҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодиса қувваю воситаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Турсунзода ва сарбозони Кумитаи мазкур ҷалб карда шуданд

Барои пешгирии оқибатҳои сел гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, полковник Имомалӣ Иброҳимзода ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид. Аҳолӣ муваққатан ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд. Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Мавриди зикр аст, ки бар асари бориши шиддатнок ба ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ низ зарар расидааст.

Дар айни замон вазъ дар ҷумҳурӣ муътадил буда, минтақаҳои ба сел осебпазир зери назорат қарор доранд. Дар рустоҳое, ки аз сел зарар дидаанд, корҳои бартарафсозии пайомадҳои он идома доранд.

Ҳамзамон бо ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 то 16 моҳи май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд ба зиндагии сокинон мушкилиҳо пеш оваранд.

Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо ва сангу рег тоза кунанд.

Акс: КҲФ ва МГ

Май 11, 2022 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд