Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро такягоҳи воқеӣ, умеду ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон номиданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мешавад, ҷавононро такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд, — тазаккур доданд Сарвари давлат. — Зеро нақши онҳо дар рушди соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар басо назаррасу арзишманд мебошад».
Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи давлат ва насли ояндасоз аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Таърихи даврони соҳибистиқлолӣ возеҳ нишон медиҳад, ки ин неруи созанда сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд ва дар раванди татбиқи он саҳми арзанда мегузорад, яъне дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дорад.
Ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд.
Ҷавонон ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.
Ҳамчунин ҷавонони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиату арзишҳои миллиро ҳимоя мекунанд ва дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонашуда омода мебошанд.
Ҷавонони далеру ғаюр имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва рисолати миллии хешро содиқона иҷро мекунанд. Онҳо ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллии тоҷикон дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






