Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд






