«ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ТАШАББУСКОРИ ҲАДАФҲОИ ҶАҲОНИИ РУШДИ УСТУВОР ДАР СОҲАИ ОБ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсия доир шуд

Май 6, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 06.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар конференсияи илмӣ- назариявӣ роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандону масъулини сохторҳои ҳизбии шаҳри Душанбе, раисони кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбии пойтахт, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, олимону муҳаққиқон, коршиносону мутахассисон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳамоиши илмиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “ҳадаф аз баргузории конференсияи имрӯза- ин таблиғу ташвиқи ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дар амал татбиқ намудани Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 мебошад”.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки «23 сол муқаддам, яъне 1 октябри соли 1999  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза равона гардад ва дар ин самт ташаббусҳои ҷиддиро рӯйи даст гирад».


«Аз ин ҷост, ки дар ин самт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси байналмилалӣ: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки он дар ҷараёни татбиқ қарор дорад, мебошад»,-афзуд Хайринисо Юсуфӣ.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки “бо дарназардошти боз ҳам афзудани сатҳи нуфус ва аҳолии рӯйи Замин зарурати ҷустуҷӯ намудани роҳҳои нави коркард ва истеҳсоли об ба миён омадааст. Тағйири иқлим ва буҳронҳои экологӣ аз зумраи мушкилиҳое мебошанд, ки мамлакати мо дар ҳалли онҳо дар симои Сарвари давлат ҷойгоҳи соҳибнуфуз пайдо намудааст”.

Фарҳод Раҳимӣ ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди пешгирии норасоии об дар сайёра ибтикори ҷаҳонӣ номида, иброз дошт, ки айни замон башар дар пешорӯи ин мушкилӣ қарор дорад. Ӯ роҳҳои таваҷҷуҳ ва баррасии обро дар тафаккури ориёҳои аҳди бостон ҷустуҷӯ карда, зикр намуд, ки ҳанӯз дар китоби «Авасто» ҷиҳати истифода ва коркарди об афкори густурдае баён гардида буд. Президенти АМИТ дар ин самт ду омилро асосӣ муаррифӣ намуд: яке авзои тағйирёбандаи глобалии иқлим ва дигар- истифодаи омилони об дар асри ҳозира.

Сипас директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омўзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҳамид Қаюмов дар мавзӯи   «Тоҷикистон — пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон», директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода  дар бораи  «Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои мусаффо» ва сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод Ғафурзода  доир ба  «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об” маърӯза  карданд.

Об- асоси ҳаёт буда, он на танҳо барои ташнагишиканӣ ва нигоҳ доштани саломатӣ зарур аст. Захираҳои об ҳамчунин аз нуқтаи назари шуғл аҳамияти бузург доранд, ки дар навбати худ ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ мусоидат мекунанд. «Аз ин рӯ, ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббусҳои муҳим ва мубрами замони муосир дастгирӣ ёфтанд. Аз соли 2000 инҷониб дар асоси ташаббусҳои Сарвари давлатамон Маҷмаи Умумии СММ 7 қатънома қабул намуд, ки ба ҳалли масъалаҳои об нигаронида шудаанд»,-иброз доштанд  нотиқон  дар конференсия.

Ҳамзамон дар заминаи ин конференсия аз ҷониби намояндагии Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе аксияи умумишаҳрӣ бо дастрас намудани тақвиму варақаҳои иттилоотӣ дар кӯчаи хиёбонҳои марказии пойтахт ташкил ва баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мешавад. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон баргузор шуда, ҳамчун пайванди марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти 2023 дар Ню Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хидмат хоҳад кард.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Май 6, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»