ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 май, чоршанбе, 145-умин рӯзи соли 2022 аст

Май 25, 2022 08:00

25 майи соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва — пойтахти Федератсияи Русия якчанд ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ба  имзо расиданд, ки ба рушди муносибатҳои минбаъдаи ҳуқуқию дипломатии ду кишвар замина гузоштанд.

***

6 сол пеш, 25 майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1962 дар шаҳри Киев (Украина) ҳафтаи адабиёти тоҷик оғоз гардид.

25 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл.

***

Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология

***

Дар Германия — Рӯзи падар.

***

Дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон.

***

Рӯзи озодкунии Африқо.

РӮЙДОДҲО:

25 майи соли 2004 дар сарҳади Тоҷикистон ва Чин нуқтаи назоратии Қулма-Қаросу  ба истифода дода шуд.

***

7 сол пеш, 25 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид.

***

76  сол пеш, 25 майи соли 1946 Англия истиқлоли худро аз Урдун  эълон кард.

***

25 майи соли 1956 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС барои шахсони аз 16 то 18-сола дар 1 рӯз 6 соати корӣ муқаррар шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 25 майи соли 1953 дар Хюстон  (иёлати Техас) аввалин шабакаи телевизионии омӯзишии ғайритиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Май 25, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш