ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ИНТИХОБИ МО! Ҳамасола қариб 8 млн нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд

Май 31, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 31 май Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил карда мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар сессияи 42-юми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 1988 эълон шудааст.

Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ҳамасола қариб 8 млн нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, ба ҳалокат мерасанд. Инчунин истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти аҳолӣ маҳсуб шуда, ба андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, агар дар ин самт тадбирҳои фаврӣ андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 10 млн нафар зиёд гардад.

Тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда, аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.

Тамоку ба саломатии ҳар як мавҷуди зиндаи рӯи Замин таҳдид намуда, ба паҳншавии бемориҳои хатарноки ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу раг, музмини роҳи нафас, саратон, диабети қанд ва ғайра мусоидат мекунад.

Тамоку на танҳо ба истифодабарандагони худ, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба рушди устувори ҷомеа таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бо тамоку муносибати ҳамаҷонибаи аҳли ҷомеаро талаб менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар мамлакатҳои мутараққӣ имрӯзҳо ба масъалаи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи таҳлилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13,5 фоизи аҳолии калонсол тамоку мекашанд.

Ҳоло дар баробари тамоку дар Тоҷикистон кашидани нос низ миёни мардон хеле маъмул аст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, истеъмоли нос низ сабаби бемориҳои саратони лаб, забон ва гулӯ мегардад. Ҳангоми кашидани нос як қисми он ба меъда рафта, шахс метавонад ба бемориҳои илтиҳоб ва захми меъда гирифтор шавад. Муҳаққиқон таркиби носро ташхис карда, ошкор намудаанд, ки дар он моддаҳои кимиёвӣ, аз қабили хром, никел, марги муш, сурб ва дигар моддаҳои хатарнок мавҷуданд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилоти хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо карда шудаанд, мумкин мебошад.

Мавриди зикр аст, ки 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. ТУТ қабул намудани ин қонунро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку яке аз барандагони ҷоиза эълон кард ва 31 майи соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ эълон намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 31, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад