ТИК ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. 19 сол пеш Президенти Тоҷикистон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди ҶТ» — ро ба тасвиб расонида буданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. То моҳи апрели соли равон дар саросари ҷаҳон 5 миллиард корбари фаъоли интернет ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 63 фоизи аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 92,4 фоиз ба интернет тавассути дастгоҳҳои мобилӣ дастрасӣ доштанд. Теъдоди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар саросари ҷаҳон дар 12 моҳи охир 7,5 фоиз афзоиш ёфта, истофодабарандагони ҷаҳонии он то моҳи апрели соли 2022 ба 4,65 миллиард нафар расид, ки ин 58,7 фоизи аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад. Масалан, аз моҳи апрели соли 2021 то апрели соли 2022 326 миллион корбарони нав ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ шуданд, ки ин ҳар рӯз ба афзоиши тақрибан 900 000 корбарони нав баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки айни замон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳар сония беш аз 10 нафар афзоиш меёбад.
Ин матлабро муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз МУҲАММАДЗОДА зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН дар мавзӯи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баён намуд.
АМИТ «Ховар»: — Ҳанӯз 19 сол қабл Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо имзои Президенти мапмлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2003 таҳти № 1174 ба тасвиб расида буд. Бигӯед, ки имрӯз истифодаи ТИК дар Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
П. Муҳаммадзода: — Дар шароити муосир бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири «сиёсати нарм», ғасби иттилоотӣ, паҳн гардидани иттилооти экстремистӣ ва таъсири онҳо ба шуури ҷамъиятӣ, махсусан таъсири кибертерроризм ва киберэкстремизм дар ҷомеа ва киберҳамлаҳои тарғиботӣ дар равандҳои сиёсии ҷомеа ба мушоҳида мерасанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки тайи ду даҳсолаи охир дар шабакаи ҷаҳонии интернет шабакаҳои мухталифи иҷтимоие дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо хусусияти хосеро доро мебошанд. Агар аз як ҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ иртиботи одамонро таъмин намоянд, аз тарафи дигар, сарчашмаи тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ва ҳамчун унсури таъсиррасон ва тарғибу ташвиқ дар равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа васеъ истифода мегарданд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар шабакаи интернет чунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «Instagram», «Facebook», «Twitter», «Telegram», «WhatsApp», «Wechat», «TikТok», «Snapchat», «Pinterest» «Signal», «Youtube», «Rutube», «IMO» «В Контакте», «Одноклассники», «Viber», «Мой мир» «Мир тесен», «Yandex: Мой круг», «MYSPACE», «BeOn», ва ғ. мавҷуд аст. Дар байни онҳо «Facebook» бузургтарин шабакаи иҷтимоии интернетӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи омор, дар чор моҳи аввали соли 2022 онро ҳар моҳ беш аз 2,9 миллиард аъзои фаъол истифода мебурданд.
Дар ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон, ки дар раванди босуръати ташаккул қарор дорад, истифодаи Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар равандҳои сиёсии ҷомеа мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ соли 2021 иброз доштанд, ки «соли 2021 истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил доданд ва шумораи муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расид».
Ё ин ки мувофиқи маълумоти «Data Reportal», то моҳи январи соли 2022 дар Тоҷикистон 1.49 млн истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки назар ба соли 2021 426 ҳазор зиёд гардидааст. Илова бар ин то моҳи январи соли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 .04 млн истифодабарандагони «Instagram» ба қайд гирифта шудаанд, ки 10,5% аҳолии кишварро ташкил дода, аксарият мардонанд (77,3%). Ҳамчунин то моҳи январи соли 2022 443.4 ҳазор истифодабарандагони «Facebook» ва 71 ҳазор истифодабарандагони фаъоли «Linkedin» ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки маълумот оид ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар якхела набуда, дар байни онҳо тафовут дида мешавад. Вале дар маҷмӯъ рушди ТИК дар Тоҷикистон бо суръати хеле баланд идома дошта, истифодаи сомонаҳои интернетӣ, хосатан шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба дигар ВАО аз ҷониби ҷавонони кишвар васеъ истифода бурда шуда, шаҳрвандони кишвар дар фазои маҷозии кишвар фаъоланд.
АМИТ «Ховар»: Амнияти иттилоотӣ бо сиёсат алоқамандии бештар дошта, яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсии ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамин тавр не?
П. Муҳаммадзода: — Дар тўли ду даҳсолаи охир шабакаи интернет яке аз воситаҳои хеле муҳими пешбурди фаъолияти сиёсӣ гардидааст. Таҷрибаи равандҳои сиёсии ҷаҳон ва инқилобҳои ранга дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки чӣ гуна кишварҳои алоҳида ва гурӯҳҳои манфиатҷў дар ин равандҳо бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҳамлаҳои хакерӣ анҷом дода, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо паҳн намудани маълумоти бардурӯғ нисбат ба сиёсати давлатии ин ё он кишвар ба мафкураи шаҳрвандон таъсир мерасонанд. Илова бар ин, гурӯҳҳои манфиатҷў бо ирсоли миллионҳо паёмакҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман паҳн намудани маълумоти танқидӣ дар байни аҳолӣ нисбат ба сиёсати давлатии кишварҳо, проблемаҳои дохилии онҳо, мавқеъгирии як кишвар вобаста ба дигар кишвар, аз ҷумла мавқеъгирии нодурусти ҳизбҳо ва ғайра таъсир мерасонанд.
Яке аз усулҳои истифодаи ТИК ва дахолати кишварҳои абарқудрат- ин созмон додани ҳазорҳо истифодабарандаи бардурӯғ бо номҳои маҳаллии кишварҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ин ки истифода намудани ҷавонон дар паҳн намудани маълумоти «фейк» ё худ бардурӯғ мебошад. Таҷрибаи баъзе равандҳои бесуботсозии кишварҳо нишон медиҳад, ки бо ин роҳ кишварҳои алоҳида ва гурӯҳҳои манфиатҷў ба мафкураи мардум таъсир расонида, як навъ бадбинии мардумро бедор намуданд. Баъзе аз кишварҳо аллакай таъсиси ҳазорҳо истифодабарандаи бардурӯғ бо номҳои маҳаллиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян намуда, фаъолияти онҳоро маҳдуд ва бекор намуданд, то ин ки аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин бошанд ва ба ин васила амнияти иттилоотии худро таъмин созанд.
Бояд тазаккур дод, ки амнияти иттилоотӣ бо сиёсат алоқамандии бештар дорад ва яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсии ҷомеа ба шумор меравад. Дар заминаи манфиатҳои миллӣ ва иттилоотии кишвар дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ҳадафҳои стратегӣ ва сиёсати дохилию хориҷии давлат ташаккул дода мешаванд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки амнияти иттилоотии давлат ва ҷомеа бо устувории соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятӣ ва бо ҳолати ҳимоятшавандагии онҳо аз таъсири манфии иттилооти зараррасон алоқаманд аст. Ба ибораи дигар, амнияти иттилоотӣ қобилияти безарар карда тавонистани таъсири иттилооти манфӣ мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии кишвар мебошад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои технологии солҳои охир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар муносибат бо дигар соҳаҳои амният дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Чунин зарурат ва афзалият бо он далел асоснок карда мешавад, ки фазои иттилоотӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат таъсири амиқ мерасонад. Аз ҷумла, дар зери таъсири чунин дигаргуниҳо субъектҳои нави сиёсат пайдо гардида, ниҳодҳои анъанавии ҳокимият ба дигаргунии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Зеро дар шароити муосир шаклҳои нави муборизаҳои сиёсӣ ва роҳу усулҳои амалӣ намудани таъсиррасонии сиёсӣ пайдо шудаанд, ки ҳамаи онҳо натиҷаи рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ташаккули фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебошанд.
АМИТ «Ховар»: Сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз чӣ вобастагӣ дорад?
П. Муҳаммадзода: — Дар шароити ҷангӣ дар баробари қувваҳои ҳарбӣ инчунин муборизаҳои иттилоотию психологӣ ва иттилоотию техникӣ низ нақши муҳим мебозанд. Қарорҳои ҳарбию сиёсӣ дар аксар маврид зери таъсири таҳдидҳои иттилоотӣ қабул мегарданд. Аз ин рӯ, дар пайдоиши низоъҳои мусаллаҳонаи замони муосир ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ иттилоот ва абзорҳои иттилоотӣ нақши ҳалкунанда доранд. Низоъҳои мусаллаҳонаи солҳои охир чунин воқеиятро инъикос менамоянд. Қобилияти ВАО барои таҳриф намудани воқеаву ҳодисаҳо ва дар ин замина тағйир додани тасаввуроти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ҷонибҳои низоъ аз сиёсатмадорон талаб менамояд, ки қарорҳои фаврӣ қабул намоянд.
Бинобар ин, ҷангҳои мусаллаҳонаи замони муосирро ҷангҳои гибридӣ меноманд. Яъне, ҷангҳое, ки дар мундариҷаи онҳо унсурҳои гуногуни амалиёт, аз ҷумла амалиёти иттилоотӣ, идеологӣ, стратегӣ, технологӣ ва ғайраҳо шомил карда шудаанд. Гузашта аз ин, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз чигунагии таъмини амнияти иттилоотӣ вобаста мебошад. Вобастагии давлат аз фаъолияти муназзами системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осебпазирии иттилоотии ҷомеаро хеле зиёд менамояд. Махсусан, солҳои охир омилҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти сиёсии давлат мустақиман таъсир гузоштаанд, ки чунин ҳолат бори дигар вобастагии сулҳу суботро аз амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушди минбаъдаи ҷомеа ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе дарназардошти омилҳои иттилоотӣ амалӣ намудан ғайриимкон аст. Дар чунин вазъият амнияти иттилоотии кишвар унсури марказии низоми амнияти миллӣ дониста шуда, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро аз худ вобаста менамояд. Дар баробари рушди инфрасохтори иттилоотии ҷомеа, ки барои фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мегардад, инчунин таҳдиду хатарҳое пайдо мешаванд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахусус суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеаро халалдор месозанд.
Шабакаи интернет дар фаъолияти ҳамарӯзаи одамон ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ ба манбаи муҳими стратегӣ табдил меёбад. Ва кам нестанд ҳолатҳое, ки ба воситаи иттилоот таҳдиду хатарҳои гуногун ба вуҷуд меоваранд. Аз ҷумла, бо мақсади расонидани зарар дуздидани иттилооти махфии дигарон, рахна намудан ва тахриб кардани системаҳои иттилоотии рақибон, дар заминаи ҳуҷумҳои иттилоотӣ ба амал баровардани ҷангҳои иттилоотӣ, ба воситаи иғвоангезӣ ва дурӯғпардозӣ таъсир расонидан ба шуури ҷамъиятӣ, ба воситаи шабакаҳои интернетӣ кӯшиши ташкил намудани инқилобҳои ранга, зуҳури терроризм ва экстремизми иттилоотӣ таҳдиду хатарҳое мебошанд, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пайдо шудаанд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки иттилоот на танҳо ба фоидаи шахс, ҷомеа ва давлат, балки ба зарари онҳо низ истифода мегардад. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бо назардошти иштирок ё ҳузури бештари шаҳрвандон дар фазои иттилоотӣ ва имконоти таъсиррасонӣ ба доири васеи афкори ҷамъиятӣ ҷиҳати бо мақсади халалдор кардани амнияти иттилоотии кишварҳо бештар интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро василаи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Зеро ин василаи хеле осон, имконияти нав ва қулай, инчунин аз нуқтаи назари вақт хеле тез барои расидан ба ҳадафҳои нопоки онҳо мебошад.
Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 26 январи соли 2021 иброз доштанд, ки «пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. … Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд».
Бинобар ин ҷиҳати эмин нигоҳ доштани фазои иттилоотии кишвар аз таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман барои таъмини амнияти иттилооти Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисоси касбӣ, ворид намудани ТИК-и навтарин ба кишвар, вокуниши саривақтӣ ва пурра намудани фазои холигӣ, иштироки фаъоли зиёиёни миллии кишвар дар фазои маҷозӣ ва умуман саҳми ҳар шаҳрванди ватандӯст дар ин самт муҳим ба ҳисоб меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»